Маслиҳати Чин ба ИМА дар масъалаи ҳуқуқи инсон

© SputnikШаҳри сулҳ- Пекин
Шаҳри сулҳ- Пекин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКХ-и Чин рӯзи панҷшанбе аз ИМА даъват кард, ки ба масъалаи ҳуқуқи инсон дар қаламрави худаш машғул шавад ва аз дахолат ба кори дигар кишварҳо худдорӣ намояд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи панҷшанбе аз ИМА даъват кард, ки ба масъалаи ҳуқуқи инсон дар қаламрави худаш машғул шавад ва аз дахолат ба кори дигар кишварҳо ҳамчун "довари ҳуқуқи инсон" худдорӣ намояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Чин давлати ҳуқуқбунёд аст. Мо равандро дар мабнои қонун идора мекунем. Мо аз ИМА даъват менамоем, ки ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва риояи он дар қаламрави худаш машғул шавад. Доварӣ кардан дар кори дигар кишварҳо аз рӯи адолат нест, вақте дар худи кишвари довар ҳуқуқи инсон поймол мешавад",- иброз дошт Хуа Чунин, намояндаи расмии ВКХ-и Чин аснои посух ба изҳороти котиби давлатии ИМА Ҷон Керри.

Қаблан, оҷонсии Sputnik иттилоъ дод, ки Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи ИМА аз мақомоти Чин даъват кард, то Лю Сяобо, маҳбуси сиёсии барандаи ҷоизаи Нобел ва ҳамсари ӯро аз ҳабси хонагӣ раҳо намоянд. Котиби давлатӣ гуфт, "ИМА аз ҳабси хонагии ин ду нафар изҳори нигаронӣ мекунад" ва аз ҶМЧ хост, дигар маҳбусини сиёсиро низ озод кунад.

Лентаи хабарҳо
0