Дар Индонезия нӯҳ қурбонии садамаи ҳавопаймои AirAsia шиносоӣ шуданд

© Flickr \ Simon_seesСамолет компании "Air Asia". Архивное фото
Самолет компании Air Asia. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои AirAsia, ки шаш рӯз қабл дар масири Индонезия ба Сингапур нопадид шуда буд, идома дорад ва то кунун 16 ҷасад дарёфт гардидааст. Ҷанозаи Ҳайтӣ Лутфия Ҳамиди 49-сола, аввалин қурбонии садама бошад, дар қабристони мусалмонии Сурабая ба хок супорида шуд.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои AirAsia, ки дар шаш рӯзи пеш нопадид шуда буд, бинобар вазъи бади ҳаво, ба кундӣ пеш меравад. Ташхисгарон аллакай ҷасади 8 тана аз дарёфтшудагонро шиносоӣ кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба оҷонсии Синхуа.

Ҳенри Бамбанго Сулистйо, раиси Маркази миллии ҷустуҷӯ ва кӯмаки Индонезия мегӯяд, то субҳи ҷумъа маҷмӯан шумораи ҷасадҳои пайдошуда ба 16 нафар расид ва ҷасадҳо ба Сурабая (маҳали ибтидоии парвоз) фиристода шуданд.Ба гуфтаи ин мақоми индонезӣ, 19 киштӣ, аз ҷумла киштиҳои кишварҳои хориҷӣ монанди Малайзия, Сингопур ва 9 ҳавопаймо дар амалиёти ҷустуҷӯ ширкат доранд. Тими муштараки амалиётӣ аз фановариҳои пешрафта, ки аз тарафи Сингапур дар ихтиёри ҷустуҷӯгарон гузошта шудааст, барои ҷустуҷӯи қаъри баҳр барои пайдо кардани боқимондаҳои ҳавопаймо истифода мекунанд.

Ба навиштаи расонаҳо, киштиҳо ҳамчунон дар талош барои пайдо кардани маҳалле ҳастанд, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад. Бо ин ҳама, Маркази миллии ҷустуҷӯ ва кӯмаки Индонезия мегӯяд, ки ҳавои бад, ки ҷустуҷӯро дар рӯзҳои гузашта мушкил карда буд, ҳамчунон нигаронии асосӣ ба шумор меравад. Пешбинӣ мешавад, ки бориши борон, мавҷхезӣ ва вазиши бод то рӯзи шанбе идома кунад.

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои ширкати AirAsia идома дорад

Ҳавопаймои Airbus 320, ки бо 162 сарнишин аз шаҳри Сурабайи Индонезия ба Сингапур парвоз мекард, субҳи якшанбеи 28 декабр аз радарҳо ғайб зад. AirAsia як ширкати ироакунандаи парвозҳои арзони хусусӣ дар Малайзия аст ва дар 100 масир ба 22 кишвари олам парвозҳо анҷом медиҳад.

Дар соли гузашта (с.2014) ҳавопаймоҳои Малайзия  се маротиба нопадид ё ва ба садама дучор шуданд. Рӯзи 8 март ҳавопаймои ширкати Malaysia Airlines, ки бо 239 мусофиру сарнишин аз Куала-Лумпур ва Пекин парвоз мекард, ғайб зад. 17 июл дар шарқи Украина ҳавопаймои Боинг 777-и ҳамин ширкат суқут кард. Дар ин фоҷиа 289 сарнишину мусофир, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекарданд, ҷон бохтанд. Суқути  AirAsia ҳодисаи саввуми ҳавопаймоҳои марбути Малайзия маҳсуб мегардад.

Лентаи хабарҳо
0