Греция. Архивное фото

Расонаҳо: Юнон метавонад аз Олмон бидеҳиҳоро бозпас бигирад

18
(Таҷдидшуда 15:00 12.01.2015)
Гузориши махфии давлати Юнон дар ин кишвар сару садоҳоеро ба дунбол дошт. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Берлин ба Юнон 1,5 триллион драхмро, ки замони ғасби ин кишвар аз сӯи ҳукумати Олмони нозӣ ба сурати иҷборӣ гирифтааст, пас надодаст.

Душанбе, 12 янв — Sputnik. Гурӯҳи коршиносон, ки ба дастури вазорати молияи Юнон фаъъолият доштанд, дар гузорише эълом кардаанд, ки Олмон ба Юнон аз замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ 11 миллиёрд юру бидеҳкор аст, навиштааст РИА Новости бо такя ба Der Spiegel.

Замоне, ки Юнон аз сӯйи неруҳои Олмони нозӣ забт шуда буд, мақомоти олмонӣ барои худ ва Итолиёи нозӣ 1,5 триллион драхми юнониро қарз гирифта буданд. Бозпас додани ин бидеҳӣ бояд баъд аз поёни ҷанг оғоз мешуд, вале натоиҷи он ба Ҳитлер ва Муссолинӣ имкон надоданд, ки ваъдаи худро иҷро кунанд.

Гузориши коршиносон, ки онҳо бар сараш тӯли се моҳ машғул буданд, рӯзи панҷшанбеи гузашта ба Вазорати молияи Юнон ироъа ва сипас он ошкор шуд. Бо вуҷуди ин, бархе аз сиёсатмадорони юнонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди нерӯҳои чапгаро (СИРИЗА) ҳамакнун иддаъо доранд, ки ин бидеҳӣ бояд бозпас дода шавад, навиштааст манбаъ.

Тибқи иттилоъи расонаҳои юнонӣ, худи коршиносон далоили кашф кардаи худро "қотеъ" дониста, натоиҷи онро "баҳсбарангез" шумурдаанд, зеро дар сурати ироъаи даъво ба Олмон, имкони баргардонидани онҳо чандон "тахаюллӣ" набудааст, — навиштааст маҷалла.

Дар ҳамин ҳол коршиносон таъкид мекунанд, ки бидеҳиҳои иҷборӣ бояд бидуни мушшахасоти ҷуброни қазияҳои ҷангӣ баррасӣ шаванд. Тибқи бархе аз шумориш, Олмон ба Юнон барои амалиёти Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бояд беш аз 100 милёрд юру ҷуброн пардохт кунад.
Дар ҳоле, ки пардохти қаромати ҷангӣ баҳсбарангез ба назар мерасад, вале ба эътиқоди таърихшиносон ва иқтисоддонҳо талаби бозпасдиҳии бидеҳиҳои иҷборӣ қонунӣ аст, — навиштааст маҷаллаи олмонӣ.

Бидеҳиҳои хориҷии Юнон 318 милёрд юру аст, ки муъодили беш аз 17 дарсади Мизони тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар мебошад. Тибқи ду барномаи кӯмак Юнон аз соли 2010 бад ин сӯ бар ивази иттихози сиёсати шадиди сарфа ва ислоҳот беш аз 240 миллиёрд юру кӯмакпулӣ гирифтааст. Куллия аъмоли худ дар иқтисодро ҳукумати Юнон бо бидеҳкорон ҳамоҳанг мекунад. Иқтисоди Юнон баъд аз шаш сол ба эҳё рӯй овард ва дар соли ҷорӣ рушди шохисҳои иқтисодӣ дар назар аст.

Вале рӯзҳои ахир Юнон бо хатари бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ шудааст — порлумон наметавонад раиси ҷумҳурро интихоб кунад ва агар ин амр барои бори севвум имконпазир нашавад, Юнон бояд интихоботи қабл аз мӯҳлат баргузор кунад. Тибқи назарсанҷиҳо, дар ин интихобот эҳтимол дорад СИРИЗА пирӯз шавад, ки ба мардум сиёсати ҷадиди иқтисодиро пешниҳод мекунад.

18
Барчаспҳо:
бозпасдиҳии бидеҳиҳо, СИРИЗА, Муссолини, Ҳитлер, Олмон, Юнон
День 9 июля

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

13
(Таҷдидшуда 20:44 08.07.2020)
Рӯзи нӯҳуми июл Рӯзи байналмилалии теннис буда, дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ, дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият ва дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз мебошад

Рӯзи 9 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1788 Коннектикут Иёлати панҷуми ИМА шуд.

Соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намуд.

День 8 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Германия  (ГДР) дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кард.

Соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин  элементи химиявӣ кашф карда шуд. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел «Нобелий»  номгузорӣ намуданд.

Соли 1961  Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кард.

Соли 1988  варзишгари немис  Габриэла Ранш барои партофтани гурз  ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ӯро газид ва аз бозӣ ронда шуд.

Соли 2006 дар давраи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Германия дастаи мунтахаби Италия дастаи Франсияро дар силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуд ва маротибаи 4-ум чемпиони чаҳон шуд.

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо ширкати  Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.

Соли 2012  Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Америка дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл

  • Рӯзи байналмилалии теннис.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
  • Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.

Рӯзи 9 июн кӣ ба дунё омадааст

1901 — Барбара Картленд (соли даргузашт. 2000), нависандаи пурмаҳсули англис дар асри  XX.

1931 — Андрей Капитса (соли даргузашт 2011), ҷуғрофдони рус, таҳқиқгари Антарктида, профессор, узви Академияи илмҳо.

1938 - Лия Ахеджакова, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳунарманди халқии Русия.

1950 — Виктор Янукович, сиёсатмадори украинӣ, президенти Украина дар солҳои (2010—2014).

1956 — Том Хэнкс, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер дорандаи ду ҷоизаи "Оскар" ва чаҳор  "Золотой глобус".

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1941-2008 – нависанда  Азиз Раҳим.

1954 – ҳавошинос, нависанда Александр Пиров.

13
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Русия доруи зидди вируси коронаро ба содирот шурӯъ кард: ба Тоҷикистон мефиристад?

457
(Таҷдидшуда 19:06 08.07.2020)
Ба расонаҳо хабари аввалин содироти маводи зидди вируси корона, ки дар Русия истеҳсол шудааст, дастрас гардид

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Русия ба содироти маводи зиддивурусӣ, ки ба наздики ба коркарди он шурӯъ кард, оғоз намуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Номи доруи мазкур "Авифавир" мебошад, ки аз ҷониби Фонди маблағгузориҳои бевоситаи Русия ва Маркази технологияи олии "ХимРар" истеҳсол гардидааст.

Маводи мазкурро Вазорати тандурустии кишвар иҷозат додааст. Феълан содироти онро Русия ба Белорус ба роҳ мондааст.

Таъкид мешавад, ки дигар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба ин маводи Русия ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин дархостҳо аз бархе кишварҳои Аврупо, Амрикои лотинӣ ва ҷануби шарқии Осиё расидаанд.

 Ёдрас мешавем, ки дар охирҳои моҳи май "Авифавир" - маводи зидди вируси коронаро Вазорати тандурустии Русия тасдиқ кард. Он аввалин маводе буд, ки дар Русия коркард гардида, зидди инфексия равона шудааст.

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

Ташхисҳо нишон доданд, ки маводи мазкур ба паҳн шудани коронавирус дар бадани инсон монеа мешаванд. Баробари ин, мақомоти Русия изҳор доштанд, ки ба содироти маводи зидди коронавирус ва ваксина омода ҳастанд.

457