Вазорати хориҷаи Русия. Акс аз бойгонӣ

Вазорати хориҷаи Русия: канор бурдани нерӯҳо эътимодро бештар мекунад

4
(Таҷдидшуда 16:24 19.01.2015)
Вазорати хориҷаи Русия аз ҷонибҳои даргири бӯҳрони Укройн даъват кард, ки аз шароити воқеъии канор бурдани нерӯҳо истифода ва ба ин тартиб аҳолии маҳаллиро ҳифз кунанд.

Душанбе, 19 янв — Sputnik. Мақомоти Маскав аз ҷонибҳои даргир дар Укройн даъват карданд, ки аз имкони канор бурдани таслиҳоти вазнин истифода кунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба баёнияи вазорати хориҷаи Русия, ки рӯзи душанбе мунташир шуд.

"Аз ҷонибҳо қотеона даъват мекунем, ки аз шароити канор бурдани таслиҳоти марговар аз манотиқи даргирӣ истифода кунанд ва ба ин тартиб аз афзоиши талафот дар миёни сокинони маҳаллӣ ҷилавгирӣ кунанд. Феълан ин нуктаи аслӣ мебошад. Иҷрои ин иқдом имкон медиҳад, ки мизони эътимод боло рафта ва шароити муносиб барои иҷрои муқаррароти дигари тавофуқоти Минск фароҳам шавад", — омадааст дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои РИА Новости, вазири хориҷаи Укройн Павел Климкин изҳор доштааст, ки Киев барои ҳамкорӣ бо Маскав барои қатъи даргирӣ дар Донбасс омода аст.

"Мо барои ҳамкорӣ бо Русия барои оташбас ва иҷрои куллия тавофуқоти Минск омода ҳастем", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз гуфтаҳои Климкин дар Twitter, ки рӯзи душанбе мунташир шудааст.

Мақомоти Укройн дар моҳи апрели соли 2014 дар Донбасс алайҳи афроде, ки аз табадуллоти давлатӣ дар ин минтақа норозӣ буданд, оғоз карданд. Тибқи иттилоъи СММ, то ҳол 4,8 ҳазор сокинони осоиштаи ин минтақа зарардигаони ин даргирӣ шудаанд. Нӯҳуми декабр дар Донбасс бо миёнҷигарии САҲУ миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоихоҳон оташбаси навбатӣ оғоз шуд. Аз 9-уми январ шиддати тирпарронӣ дар минтақа афзоиш ёфт.

4
Барчаспҳо:
баёния, вазорати хориҷаи Русия, Павел Климкин, Укройн, Русия
Мавзуъ
Сардори Сарситоди Украина аз НАТО ёрӣ мехоҳад
Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард
Назарсанҷӣ: 66 % фаронсавиҳо мухолифи кӯмаки молиявӣ ба Украина