Лавров: фоҷиъа дар Қумрӣ набояд сиёсӣ шавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСергей Лавров. Акс аз бойгонӣ
Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари умури хориҷии Русия талошҳо барои ангезаи сиёсӣ додани фоҷиъа дар Қумриро маҳкум карда чунин аъмолро нигаронкунанда хонд ва эътимод дод, ки муттаҳами ин ҳодиса ҷазои сангин хоҳад дид.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Талошҳо барои ангезаи сиёсӣ додани фоҷиъа дар шаҳри Қумрии Арманистонро Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ғайри қобили қабул хонд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар Русия муътақиданд, ки мардуми Арманистон ба ин дасисаҳо дода намешаванд, гуфт Лавров рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти матбӯъотӣ дар Маскав.

"Мо талошҳо барои сиёсӣ кардани ин қазияро мушоҳида мекунем. Ин талошҳо на аз сӯйи раҳбарияти Арманистон ва на аз сӯйи мақомоти Русия сурат мегиранд. Нафароне кам нестанд, ки аз ин ҳодиса дастболоии сиёсӣ касб карданианд. Ин амали бад ва ғайри қобили қабул аст, ин амал ба халқи сазовори арман ҷоиз нест", — гуфт раҳбари вазорати хориҷаи Русия.

Барои ҳамла ба хонаводаи арманӣ, ки ҷони ҳафт нафарро рабуд, сарбози рус муттаҳам мешавад.

"Мо талош мекунем, ки ин ҷиноят беҷазо намонад, то муттаҳам ҷазои сангин бинад ва кӯшиш мекунем, ки минбаъд чунин ҳодисаҳо аслан рух надиҳанд", — таъкид дошт Лавров.

Рӯзи душанбеи 12-уми январ дар шаҳри Қумрӣ, ки дар он ҷо пойгоҳи низомии 102 Русия мустақар аст, ба як хонавода ҳамла рух дод, ки ҷони ҳафт нафар рабуда шуд.

Сарбози пойгоҳи 102 Валерий Пермяков боздошт шуда дар содир кардани ин ҷиноят иқрор шуд.

Лентаи хабарҳо
0