Расонаҳо: даъвати ҷаласаи изтирории кумиссиюни НАТО аз сӯйи Украина

© Sputnik / Юрий Заритовский / Гузариш ба медиабонкДафтари НАТО. Акс аз бойгонӣ
Дафтари НАТО. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати Украина дар НАТО шароит ва шеваи машваратҳои изтирориро фаъол кард. Пётр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина изҳор дошт, ки нерӯҳо бояд тибқи масири ҷудошавӣ, ки онро тавофуқоти Минск муқаррар кардааст, канор бурда шаванд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. РИА Новости хабар медиҳад, ки Украина баргузории ҷаласаи изтирории кумиссиюни НАТО дар робита ба набардҳо дар Донбасро дархост кардааст, менависад "Укринформ" бо истинод ба суханони муовини ҳайати Украина дар НАТО дар умури сиёсӣ Егор Божок.

"Раҳбари ҳайати Украина дар НАТО Игор Долгов аз Дабири кулли НАТО дархост кард, ки ҷаласаи изтирории Кумиссиюни Украина-НАТО барои баррасии вазъ ва амалҳои минбаъда даъват карда шавад. Баргузории ин ҷаласа рӯзи 26-уми январ дар назар аст", — гуфт Божок.

Вай тазакур дод, ки ҳайати Украина дар НАТО шеваи машвартҳо дар шароити изтирорӣ бо НАТО-ро тибқи қарордод дар бораи ҳамгироии вижа миёни Украина ва НАТО фаъол карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки 25-уми январ Петр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина изҳор дошт, ки нерӯҳо бояд тибқи масири ҷудошавии тавофуқоти Минск канор бурда шаванд, на ба он масире, ки дар номаи раиси ҷумҳури Русия омадааст, яъне вобаста ба вақти феълӣ".

Қаблан, ба навиштаи РИА Новости, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров хабар дода буд, ки баъд аз ироаи номаи раиси ҷумҳури Русия ба ҳамтои украиниаш, Маскав омодагии ҷудоихоҳон барои канор бурдани васоили ҷангии сангин тибқи масири воқеъӣ, ки ба он Киев пофишорӣ дорад, ба даст гирифта буд".

Мақомоти Украина дар моҳи апрел дар Донбас алайҳи норозиёни табадуллоти давлатии моҳи февралро оғоз кард.

Тибқи иттилоъи СММ, то ҳол беш аз 5 ҳазор сокини осоишта қурбонии ин даргирӣ шуданд.

Нӯҳуми декабр дар Донбас оташбаси навбатие, ки бо миёнравии САҲА миёни ҷудоихоҳон ва нерӯҳои давлатӣ ба даст омада буд, оғоз шуд.

Аз 9 январ шиддати тирпарронӣ дар минтақа афзоиш ёфта теъдоди қурбониёни даргирӣ бештар шуд.

Нерӯҳои давлатӣ 18-уми январ шиддати гулӯлаборони Донетскро афзоиш дода иқрор шуданд, ки дар фурудгоҳи шаҳр амалиёти вижа гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0