Афсарони пулиси ИМА

Назарсанҷӣ: дар ИМА кӣ аз қонуну тартибот пуштибонӣ мекунад

18
(Таҷдидшуда 13:05 10.02.2015)
Аксари сокинони ИМА, ки дар назарсанҷӣ ширкат доштанд, пулис ва шерифҳоро омили амнияти худ медонанд. Аз панҷ як қисми пурсидашудаҳо бошанд ба қувваи худ итминон варзида, иҷозаи доштани силоҳро, ки ба онҳо Конститутсия додааст, мисол меоранд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Қариб нисфи аҳолии ИМА (46%), ки дар назарсанҷии баргузорнамудаи оҷонсии ISM Research барои оҷонсии иттилоотии Sputnik ширкат доштанд, пулис ва хадамоти интизомиро омили амнияти худ меҳисобанд.

Дар ҷои дуввум (21%)-и амрикоиҳои пурсидашуда, илова ва ислоҳот ба Конститутсияи ИМА дар бораи ҳуқуқи доштан ва бо худ гардонидани яроқро гузоштаанд. Аммо бештари ҷонибдорони ин наҳва мардон (29%) мебошанд, занон баръакс (13%). Дар ҷои сеюми таъмини интизом ва қонун хадамоти оташнишонӣ бо касби 12 дарсад қарор гирифт.

Аз рӯи аломатҳои мансубияти нажодӣ овозҳо ба таври зайл мебошанд: аз се як ҳиссаи афроамрикоиҳо (33%) ва намояндагони дигар ақвом, ба ҷуз осиёиҳо, дар симои пулису шерифҳо ҳимоягарони худро мебинанд. Онҳо ба барномаи "Ҳамсояи зирак" (19%) эътимоди бештар қоил буда, ин посух дар ҷои дуввум қарор дорад..

Амрикоиҳои баромадашон осиёӣ баробар ба сафедпӯстони ИМА бештар аз ҳама ба пулис бовар доранд (мутаносибан 55% ва 50%). Осиёиҳо доштан ва бо худ гардонидани силоҳро мақбул намедонанд.

Аз ҷиҳати ҷуғрофиёӣ посухҳои сокинони шимолу шарқи ИМА тафовут доранд. Аз ҳама камтар онҳо аз таҳрири қонун (15%) пуштибонӣ карда, ба тарафдории патрули пулис 13% овоз додаанд.

Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати ICM Research аз 5 то 17 декабри соли 2014 дар ИМА сурат пазируфтааст. Дар он 1007 одам интихобан ширкат кард. Намунаи баргузории он аз рӯи ҷинси сокинон, синну сол, ҷуғрофияи истиқомат ва мансубияти нажодӣ анҷом шуд.

Фосилаи итминон (боварӣ) барои маълумот дар тамоми кишвар +/- 3.1% дар сатҳи эътимоди  95% аст.

18
Барчаспҳо:
итминон, шериф, пулис, назарсанҷӣ, ISM Research, ОИБ "Россия сегодня", ИМА