Омбудсмен: мушкили эътимод ба низомӣ судӣ дар Ӯзбакистон ҳал нашудааст

© Sputnik / Алексей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкТошканд. Акс аз бойгонӣ
Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи инсон, мушкили аслӣ барои низоми судӣ – эътимоди ҷамъият ба шохаи судӣ – ҳалношуда боқӣ мемонадро миқдори муроҷиъатномаҳои эътирозӣ аз ҳукмҳои шаҳрвандӣ судҳо собит месозад.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мушкили эътимоди аҳолии Ӯзбекистон ба низоми судӣ ҳалношуда боқӣ мемонад, гуфтааст ҳомии ҳуқуқи инсони ин кишвар Сайёра Рашидова, хабар медиҳад РИА Новости.

"Афзоиши миқдори муроҷиатҳои эътирозии сокинон ба ҳукмҳои шаҳрвандӣ, кашолкорӣ ва иҷро нашудани ҳукмҳои судӣ аз он далолат медиҳад, ки мушкили аслӣ барои низоми судӣ — эътимоди ҷомеъа ба низоми судӣ ҳалношуда боқӣ мондааст", — изҳор дошт Рашидова, ки ахиран дар порлумони кишвар дар бораи натоиҷи фаъолияти ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2014 гузориш медод.

Ба иттилоъи ҳомӣ, дар соли 2014 ба дафтари кории ҳомии ҳуқуқи инсон 11858 муроҷиъати шаҳрвандон (12% бештар аз соли 2013) ворид шуданд. Зимни бозрасии маводде, ки дар 3741 муроҷиъатнома зикр шуда буданду таҳти назорати ҳомӣ қарор гирифтанд, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар 714 маврид таъйид шуданд.

"Барои ҳалли ин мушкил иҷрои бархе аз иқдомот, ки на танҳо таҷдиди қавонин ва наҳваи истифода аз онро дар назар дорад, балки роҳандозии низоми бештар судовари омода ва омӯзиши кормандони ниҳодҳои интизомӣ зарур аст", — гуфтааст Раишидова, ки рӯзи ҷумъа нашрияҳои маҳаллӣ аз суханрониҳои вай иқтибос овардаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон нахустин ниҳоди ҳомии ҳуқуқи инсон дар кишварро таъйин ва роҳандозӣ кард ва ҳамакнун аз оғози кори вай 15 сол сипарӣ шудааст. Рашидова аз соли 1995 бад ин сӯ ҳомии ивазнашавандаи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ мебошад.

Вай соли 1943 дар хонаводаи арбоби давлатӣ ва нависанда Шароф Рашидов таваллуд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0