Ливои Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Як мақоми эронӣ: поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст

22
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи Посдорони Эрон гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои ба гуфтаи ӯ "террористӣ" дар Ироқ ва Сурия, ба поёни умри худ наздик мешаванд.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон рӯз панҷшанбеи 12 феврал гуфтааст, поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст, хабар медиҳад хабаргузории ИРНА.

"Бо таваҷҷӯҳ ба шикастҳое сахте, ки "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия рӯбарӯ шудаанд, бовар дорам, ки ин гурӯҳҳо ба поёни умри худ наздик мешаванд", — афзудааст Сулаймонӣ.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар рӯзҳои ахир дар ҷанги шаҳри марзии Кӯбонӣ ва минтақаҳои атрофи он дар Сурия шикаст хӯрд ва ақибнишинӣ кардааст. Набарди Кубонӣ аз чаҳор моҳ ба сӯ давом дошт.

Қосим Сулаймонӣ мегӯяд, вуҷуди гурӯҳҳое чун "Давлати исломӣ", "охирин абзори истикбор" аст, ки бо ҳадафи хадшадор кардани чеҳраи ислом ва барафрӯхтани оташи фитна ва ҷанги дохилӣ дар миёни мусалмонон шакл гирифтааст.

Мақомоти Эрон пеш аз ин борҳо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро сохтаи кишварҳои ғарбӣ хондаанд ва аз ҷумла Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтааст, ки давлати Бритониё ДИИШ ва Ал-Қоидаро "барои муқобила бо Ҷумҳурии исломӣ ва бедории исломӣ дуруст кардааст".

Аммо аз тарафи дигар, эътилофи байналмилалӣ алайҳи ДИИШ бо раҳбарии Амрико дар моҳҳои ахир ҳамлаҳои густурда ва давомдори ҳавоиро алайҳи пойгоҳҳои ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия роҳандозӣ кардааст, ки сабаби шикасти сахти онҳо шудааст.

22
Барчаспҳо:
шикаст, ҷанг, "Қудс", ДИИШ, Қосим Сулаймонӣ, Ироқ, Сурия, Эрон