ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҷангандаҳои нерӯҳои ҳавоии Миср ба мавзеъоти террористони "ДИ" дар посух ба қатли дастҷамъонаи мисриҳои насронӣ чанд зарбаи ҳавоӣ анҷом доданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.
Навори видеоии қатли атбоъи Миср, ки дар Либия асир афтодаанд, шоми рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоии марбут ба ДИ ба намоиш гузошта шуд.
Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср дар муроҷиъати худ тавассути телевизион гуфт, ки Коҳира аз ҳаққи аъмоли ҷавобӣ барои қатли гаравгонон аз сӯйи ҷангиёни ДИ бархурдор аст.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки сареъан вазири корҳои хориҷӣ Самеҳ Шукриро барои ширкат дар ҳамоиши байналмиллалӣ дар робита ба террорисм ба Ню-Йорк эъзом кардааст, ки ҳамзамон бо мақомоти баландпоя ва намояндагони кишварҳои узви Шӯрои амният дидор мекунад.
"Ин амр ба манзури муваззафоти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва иттихози иқдомоти амалӣ, ки Созишномаҳои СММ онҳоро кафолат медиҳанд ва дарки он нукта, ки ҳаводисе, ки ҳоло дар Либия рух медиҳанд, хатар барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва амният мебошанд", — гуфт раиси ҷумҳур.
Раиси ҷумҳур шоми рӯзи якшанбе ба пайвандони кушташудагон аз дасти ҷангиёни "ДИ" дар Либия изҳори тасаллият кард ва аз роҳандозии мотами ҳафтрӯза дар қаламрави кишвар хабар дод. Ҳамчунин раҳбари кишвар қарор кард, ки ҷаласаи фаврии Шӯрои дифоъи миллӣ даъват карда шавад.
Дар авохири соли гузашта ҷангиён дар шаҳри Сирти Либия гурӯҳи коргарони мисрӣ — насрониҳои коптиро ба асорат гирифтанд. Дертар мушшахас шуд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" онҳоро ба қатл расонида, вале навори видеоии ин амалро танҳо шоми якшанбе ба марази тамошо гузоштаст.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.
СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст
Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст, муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.
Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи “Кув Эрон баракат” 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.
Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи "Лайлӣ ва Маҷнун" барпо гардид.
Соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид.
Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии "Эмми" гузаронида шуд.
Соли 2016 дар Амстердам Маркази Урупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.
Соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2010 бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.
Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Фармон ба имзо расониданд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.
Соли 2017 қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.
Соли 2017 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро "барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ" бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.
Соли 1944 – доктори илмҳои физика- математика Субҳон Ибодов.
Соли 1966 – иқтисодчӣ Фаррух Ҳамралиев.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.
Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.
Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.
Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.