Пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии неруҳои низомии ИМА дар Манас. Акс аз бойгонӣ

НАТО аз Қирғизистон хост, Созишномаи транзити колоро тамдид кунад

11
(Таҷдидшуда 09:37 17.02.2015)
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон афзуд, дар бораи иштироки Бишкек таҳти миссияи ҷадиди НАТО доир ба интиқоли молу коло ба “Афғонистон” зери унвони “Пуштибонии қавӣ” ҷаласаи кории байниидоравӣ дар моҳи январ сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Қирғизтон хост, бо сабаби иваз шудани шеваи амалиёт  дар Афғонистон Созишномаи транзити колоро тамдид кунад, иттилоъ медиҳад СА-News.

Дар ин бора Эрлан Абдилдаев, нахуствазири Қирғизистон аснои суханронӣ дар парлумони кишвар иброз дошт.

"Бо сабаби дигар шудани шеваи амалиёт ва кӯмакрасонӣ ба Афғонистон, НАТО аз мо хоҳиш кард, ки мӯҳлати тавофуқоти қаблиро дар бораи транзити молу коло ба он кишвар тариқи қаламрави Қирғизистон тамдид намоем",-  иброз дошт Абдилдаев дар ҳузури аъзоёни Кумитаи Жогорку Кенеш оид ба равобити байналмилалӣ.

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон афзуд, дар бораи иштироки Бишкек  таҳти миссияи ҷадиди НАТО доир ба интиқоли молу коло ба "Афғонистон" зери унвони  "Пуштибонии қавӣ"  ҷаласаи кории байниидоравӣ таърихи 10 январ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, созишномаи қаблӣ 21 майи соли 2012 ба имзо расида буд ва тамдиди он ба нафъи иқтисоди Қирғизистон хоҳад буд.

11
Барчаспҳо:
транзит, молу коло ба Афғонистон, тамдиди созишнома, Паймони Атлантикаи Шимолӣ, НАТО, Эрлан Абдилдаев, Бишкек, Қирғизистон, Афғонистон
Мавзуъ
Соросро мехоҳанд аз Қирғизистон "бадарға" кунанд
Аслов: Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО ба кӯмак ниёз дорад
Президенти Афғонистон ҷонибдори тамдиди ҳузури неруҳои НАТО аст