Дастури манъи нашри аксу мақолаҳои собиқ президенти Эрон

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Эрон Хотамӣ
Президенти Эрон Хотамӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Эрон нашри аксҳои раиси ҷумҳури пешини он кишвар Муҳаммади Хотамӣ ва ҳамчунин чопи мақолаҳои ӯ дар расонаҳо, мамнӯъ шудааст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки расонаҳо ҳақ надоранд тасвирҳо ё матлабҳои Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури собиқи он кишварро ба нашр расонанд, ба нақл аз расонаҳои эронӣ менависад "Радиои Озодӣ".

Расонаҳо агар дастури мақомотро нодида бигиранд, бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд. Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Ғуломмуҳсин Муҳсинии Ажаӣ, сухангӯи Додгоҳи Эрон рӯзи душанбеи 16 феврал дар посух ба суоле дар бораи дастури додгоҳи он кишвар дар бораи "манъи ном ва тасвири раиси давлати ислоҳот" хабар додааст.

"Дар мавриди касоне, ки Шӯрои олии амнияти миллӣ дар мавриди онҳо тасмим гирифта ё додгоҳ онҳоро ба унвони сарони фитна медонад, қувваи қазоия метавонад дастуре бидиҳад", — афзудааст Ажаӣ.

"Дар мавриди Муҳаммади Хотамӣ низ дастур дода шуд, ки расонаҳо ҳақ надоранд тасвир ё матлаби ӯро мунъакис ва мунтақил кунанд. Ин дастур ҳамчунон амал мекунад ва агар расонаҳо хилофи он амал кунанд, бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд", — илова кардааст Ажаӣ.

Бархе аз намояндагони муҳофизакорон қаблан дар парлумони Эрон аз вазири додгустарӣ хоста буданд, то Муҳаммад Хотамиро "мамнуъулхуруҷ, мамнуъултасвир ва мамнуъулбаён" эълон кунанд.

Пас аз интихоботи Эрон ва пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ, бархе расонаҳои Эрон аз лағви мамнуъулхуруҷ шудани вай хабар доданд, аммо Ғуломмуҳсин Муҳсинии Ажаӣ қаблан гуфта буд, касоне дар ҷараёни фитнаи соли 2009 зулм карданд, тағйироте дар мавриди онҳо рух надода ва чизе наве сурат нагирифтааст.

Мамнӯъ кардани расонаҳо аз интишори акс ва мақолаҳои Муҳаммади Хотамӣ дар ҳоле аст, ки вай дар тӯли таърихи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳама бештар мавриди ҳимояти интихобкунандагон будааст. Оқои Хотамӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 1997 бо ба даст овардани беш аз 20 миллион раъй ва бо касби 13 миллион раъйи бештар аз Алиакбар Нотиқи Нурӣ, рақиби аслиаш, ба мақоми раёсати ҷумҳури Эрон расид. Вай чаҳор сол баъд низ бо ба даст овардани 21 миллион раъй, барои бори дувум, раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд.

Пас аз интихоботи президентии пурсарусадодар соли 2009, бархе афроди наздики раҳбари он кишвар Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар рӯзномаҳо Муҳаммад Хотамиро барои ҳамкорӣ бо эътирозгарон ба натиҷаи интихобот, муттаҳам карданд. Муҳаммади Хотамӣ дар бархе роҳпаймоиҳои эътирозии соли 2009 ширкат кард ва бархе аз ин роҳпаймоиҳо аз тарафи нерӯҳои интизомӣ мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай дар солҳои гузашта низ борҳо ба рафтори ҳукумат бо мӯътаризон ба натиҷаи интихоботи соли 2009 ва ҳабси хонагии Мирҳусайни Мусавӣ ва Маҳдӣ Каррубӣ, раҳбарони ҷунбиши "Сабз", эътироз карда буд.

Лентаи хабарҳо
0