Халабони украинӣ Надежда Савченко. Акс аз бойгонӣ

Савченко таҳдид кард, ки дубора даст ба гуруснанишинӣ мезанад

7
(Таҷдидшуда 16:28 12.03.2015)
Халабони украинӣ Надежда Савченко, ки дар робита ба ҳалокати ду хабарнигори Русия дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, иброз дошт, ки ӯро аз гуруснанишинӣ ба таври нодуруст берун мебароранд, аз ин рӯ аҳволи саломатиаш беҳтар нашуда истодааст.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Агар иҷозаи ворид шудани пизишкони украиниро ба назди халабони боздоштшудаи украинӣ Надежда Савченко надиҳанд, ӯ  даст ба гуруснанишинии дубора мезанад, иброз дошт вакили мудофеъи халабон  Николай Полозов. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Савченко, ки дар робита ба ҳалокати ду хабарнигори Русия дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, иброз дошт, ки ӯро аз гуруснанишинӣ ба таври нодуруст берун мебароранд, аз ин рӯ аҳволи саломатиаш беҳтар нашуда истодааст.

"Имрӯз дар боздоштгоҳ (СИЗО) будам, мутаасифона саломатии ӯ беҳтар нашуда истодааст. Аз гуруснанишинӣ берун кашидани Савченко бо мушкилӣ пеш рафта истодааст. Ба ӯ шӯрбо медиҳанд, аммо организми халабон бо он мутобиқат намекунад",- гуфт адвокати ӯ Полозов.

Ба қавли вакили мудофеъи халабон, табибони украинӣ тавсия дода буданд, ки ӯро бо воситаи обмеваҳо ва шарбати сабзавот аз гуруснанишинӣ берун биоранд.

"Аммо ба вай шӯрбову  панири кӯфта медиҳанд. Ҳамчунин, ғизои кӯдакона пешниҳод менамоянд, ки мо онҳоро ба халабон додем. Дар асл, тартиб нодуруст аст ва Савченко мегӯяд, ин корро махсус мекунанд",- гуфт адвокат.

Ба қавли вакили мудофеъ, зерҳимояааш тақозои ворид шудани гурӯҳи пизишконро, ки ҳамроҳашон табиби украинӣ ҳам бошад, кардааст.

"Талаби ӯ то рӯзи душанбе агар иҷро нашавад, дубора даст ба гуруснанишинӣ мезанад",- илова кард Полозов.

Надежда Савченкоро моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми қатли ду рӯзноманигори Русия дар ҷангҳои шарқи Украина дастгир намуданд.Бо нишони эътироз алайҳи боздошташ халабони украинӣ беш аз 70 рӯз гуруснанишинӣ кард.

7
Барчаспҳо:
70 рӯз гуруснанишинӣ кард, ҷангҳои Украина, гуруснанишинии дубора, боздошти халабони украинӣ, ҷанг дар Украина, СИЗО, Николай Полозов, Надежда Савченко, Украина, Русия, Маскав
Мавзуъ
Порошенко ба Надежда Савченко унвони қаҳрамонӣ дод
Порошенко: Савченко дар зудтарин фурсат озод мешавад