Петр Порошенко ва Ангела Меркел. Акс аз бойгонӣ

Порошенко: мо барои воридоти таслиҳот бо 11 кишвари ИА тавофуқ кардем

7
(Таҷдидшуда 17:03 16.03.2015)
Раҳбари Украина талошҳои худ барои дарёфти кӯмаки низомӣ аз Ғарбро идома медиҳад ва иддаъо дорад, ки бештаре аз онҳо ӯро дар ин масъала пуштибонӣ мекунанд, вале нагуфт инҳо кадом кишварҳое ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко муътақид аст, ки Ғарб бидуни дудилагӣ аз талошҳои Киев барои истиқлол пуштибонӣ мекунад ва ӯро бо силоҳ таъмин месозад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои олмонӣ.

"Украина алаккай бо 11 кишвари узви ИА барои воридоти таслиҳот имзо кард, хабар дод Порошенко, вале нагуфт ки ин чӣ кишварҳое мебошанд. ИМА-ро, ки ба Украина миқдоре аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва ҷипҳои зиреҳпӯш ироъа кард, вай "пионер" номид", — иқтибос овардааст раҳбари Украинаро нашрияи Deutsche Wirtschafts Nachrichten бо истинод ба хабаргузории dpa.

Рӯзнома ҳадс мезанад, ки мавзӯъи интиқоли таслиҳот ба Киев рӯзи душанбе дар музокироти Порошенко бо раиси ҷумҳури Олмон Йоахим Гаук ва садри аъзам Ангел Маркел баррасӣ мешавад. Эҳтимоли он ки Олмон бо кишварҳое, ки тасмим гирифтанд ба Украина бо силоҳ кӯмак кунад, пайваст мешавад DWN "норӯшан, вале имконпазир" донистааст.

Нашрия изҳори назари коршиноси олмонӣ дар умури амният Волфганг Ишингерро овардааст, ки ҳадс задааст эҳтимол дорад Берлин бо Киев дар мавриди интиқоли таслиҳоти мудофиъавӣ тавофуқ мекунад.

Дар навбаи худ вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи душанбе мукарраран аз Украина даъват кард, ки тавофуқоти Минскро комилан риоят кунад, хабар медиҳад Deutsche Welle низ бо истинод ба dpa.

Штайнмайер изҳор дошт, ки Киев метавонад ба "пуштибонии комил"-и Олмон умед дошта бошад. Ҳамзамон, ба вай раҳбарияти Украина ёдовар шуд, ки кишварашонро зарур аст мубориза бо фасоди густурдаро идома бидиҳад ва ҳамчунин иқдомоте барои танзими низоми раҳбарият рӯйи даст бигирад.

7
Барчаспҳо:
ҷанг дар Украина, изҳори назар, ҷанг, ИМА, ИА, Волфганг Ишингер, Ангела Меркел, Петр Порошенко, Франк-Валтер Штайнмайер, Киев, Олмон, Украина
Мавзуъ
Саакашвили: тасмими интиқоли силоҳ ба Украина 99% омода аст
Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст
Путин гуфт, аллакай ба Украина силоҳ медиҳанд
Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
Берзинш: ироъаи силоҳ ба Украина роҳи нодурусти ҳалли қазия мебошад
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

184
(Таҷдидшуда 14:29 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти одимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар минтақаи шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол тафтиш карданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

184
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Клуб самбо Рико

Қаҳрамонии самбо бидуни тамошобин дар Сербия баргузор мешавад

18
(Таҷдидшуда 13:05 27.09.2020)
Туркманистон ба далели пандемияи коронавирус аз мизбонӣ намудани ин мусобиқаи ҷаҳонӣ даст кашид. Акнун ба ҳайси мизбон шаҳри Нови Сади Сербия пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Нови Сад (Сербия) доир мешавад. Дар ин бора қарори Федератсияи байналмилалии самбо ба тасвиб расид.

Ба иттилои сомонаи расмии федератсияи байналмилалии самбо, чорабинӣ ҳамроҳ бо Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат мегирад ва давоми 4 рӯз – 5-8 ноябр идома меёбад.

Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо соҳиби медали тилло гашт

Ин мусобиқа мебоист дар шаҳри Ашқобод баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус Федератсияи самбои Туркманистон аз мизбонӣ кардани мусобиқа даст кашид.

Зимнан, президенти Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаков гуфт, мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва профилактикаи баъд аз пандемияи COVID-19" доир мегардад.

"Аз гашту гузори варзишгарон дар шаҳр ҷилавгирӣ шуда, ҳамчунин дар толори варзишӣ риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатман риоя мешавад", - изҳор дошт Шестаков.

Ба гуфтаи ӯ, мухлисон имкон доранд қувваозмоиҳоро ба таври мустақим дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо тамошо кунанд. Қисмати финалии қаҳрамонӣ дар шабакаи телевизионии "Eurosport" ва шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногун намоиш дода хоҳад шуд.

18
Барчаспҳо:
самбо, қаҳрамонӣ, Сербия
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Холод хатари коҳиши ҳосили картошкаро дар Тоҷикистон шарҳ дод

0
(Таҷдидшуда 15:48 27.09.2020)
Коҳиши ҳосили картошка дар Тоҷикистонро доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон зиёда аз 227 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 78 ҳазор тонна (ё 25%) камтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Коҳиш ёфтани ҳосили картошка дар Тоҷикистонро, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод инро хабари бад номида гуфт, ҷумҳурӣ ба ин сабзавот вобастагии зиёд дорад.

Иқтисодшинос гуфт, ки чунин вазъ метавонад дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба амал ояд, зеро шароити табиӣ тақрибан якхела буд, сатҳи кишоварзӣ низ ба ҳамин монанд аст. Дар чунин шароит, нархҳо ва имкониятҳои содиротии ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳдуд хоҳанд шуд.

"Тибқи қонунҳои муқаррарии бозор, коҳиш ёфтани истеҳсоли ватанӣ ва бад шудани шароити беруна бевосита ба болоравии нархҳо дар бозор оварда мерасонад. Зеро ҳаҷми истеъмоли маҳсулот, ки яке аз маҳсулоти асосӣ мебошад ва маҳсули талаботи сершумор аст, наметавонад хеле кам шавад”, гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи иқтисодшинос, коҳиши ҷиддии ҳосилнокӣ, метавонад ба бемуботии нарх дар бозор ва ҳамзамон ба воҳима оварда расонад, ки чунин ҳолат хавфнок хоҳад буд.

Ба таъкиди ӯ мақомоти давлатиро лозим аст, ки бозор ва динамикаро аз наздик назорат кунанд ва дар сурати болоравии шадиди нархҳо, диққат диҳанд ва тафтишот гузаронанд.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Номбурда гуфт, бо вуҷуди вазъи мавҷуда, мардум набояд ба вохима афтанд ва харидори зиёд кунанд, зеро дар бозор картошкаи нав пайдо мешавад, ки бояд нархҳоро устувор созад.

0
Барчаспҳо:
истеҳсол, бозор, нарх, картошка, Тоҷикистон