Пайрадорони ҳусӣ маросими ҷанозаро назорат мекунанд

Ҳузури шӯришгарони ҳусӣ дар минтақаи ҳаммарзи Арабистони Саудӣ

9
(Таҷдидшуда 15:06 26.03.2015)
Дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он чанд кишвари минтақа ширкат мекунанд. Амалиёт баъд аз пахши изҳороти Шӯрои ҳамкории давлатҳои Халиҷи Форс шурӯъ гардид. Дар он қайд мешавад, ки “мо омодаи пазириши даъвати президенти Яман Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ҳастем ва ҳукумати қонуниро аз шӯришиёни ҳусӣ ҳимоят мекунем”.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҳазорон шӯришгари ҳусии мусаллаҳ дар ҳоли ҳозир дар минтақаи марзии Саъди Яман, ҳамсарҳад бо Арабистони Саудӣ қарор доранд. Дар ин бора як манбаъ аз қабилаҳои яманӣ ба оҷонсии Sputnik иттилоъ дод.

Ба қавли онҳо, ҷангиён дар марз барои он ҷамъ шудаанд, ки имконияти посух додан ба эътилофи низомиро дошта бошанд. Шӯришгарони ҳусӣ амалкарди кишварҳои Халиҷи Форсро "таҷовузи низомӣ" унвон кардаанд.

Дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он кишварҳои минтақа аз қабили Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, АМА ва Қатар ширкат доранд. Дар ҳоли ҳозир маълум гардид, ки эътилофи ҳарбӣ фурудгоҳи Санъо, пойтахти Яман ва чанд иншооти ҳарбиро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Ба гуфти манбаъи Sputnik, то ин соат дар мавриди қурбон шудани 20 нафар ва захмӣ гардидани 30 тани дигар маълумот расидааст. Бо сабаби он ки бештари мушакҳо ба тарафи манозили маскунӣ партоб шудаанд, теъдоди кушташудагон низ зиёд ба назар мерасад.

Амалиёт баъд аз пахши изҳороти Шӯрои ҳамкории давлатҳои Халиҷи Форс шурӯъ гардид. Дар он қайд мешавад, ки Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт ва Баҳрайну АМА "омодаи пазириши даъвати президенти Яман Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ҳастанд ва ҳукумати қонуниро аз шӯришиёни ҳусӣ ҳимоят хоҳанд кард".

Арабистони Саудӣ тасмим дорад дар амалиёти низомӣ аз 100 ҳавопаймои қиркунанда ва беш аз 150 ҳазор афсару сарбоз истифода кунад. Покистон ва Миср низ ба эътилофи низомӣ пайвастанд.

9
Барчаспҳо:
таҷовузи низомӣ, 20 нафар кушта шуд, 150 ҳазор афсару сарбози Арабистони Саудӣ, ҷанг дар Яман, шӯришиёни ҳусӣ, Халиҷи Форс, эътилофи низомӣ, Абд Раббу Мансур Ҳодӣ, Саъд, Санъо, Арабистони Саудӣ, Миср, Қатар, АМА, Яман, Покистон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Беларус шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад

62
(Таҷдидшуда 13:45 30.05.2020)
Беларус тавассути ҳавопаймоҳои Русия ба баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан аз Тоҷикистон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрвандони Беларус аз Тоҷикистон берун бурда шуданд, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Кишвар тавонистааст, ки шаҳвандонашро дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Русия ба ватан интиқол диҳад.

Парвоз  тавассути ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уральские авиалинии" анҷом дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин хатсайр се шаҳрванди Белорус, ки дар Тоҷикистон дар монда буданд, ба кишварашон баргаштанд.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон 188 шаҳрвандонашро аз АМА, Дубай ба Ватан баргардонида буд. 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз аморат баргардонида мешаванд.

62

Муборизаи Эрон идома дорад: мақомот аз шифо ёфтани 115 ҳазор нафар хабар дод

163
(Таҷдидшуда 02:32 30.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.

Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.

163
Барчаспҳо:
мубориза, мураххас мешавад, бемористон, вирус, Эрон
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

0
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

0
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон