Инфиҷор дар Туркия. Акс аз бойгонӣ

ВАО: таркиш дар идораи маҷаллаи исломӣ дар Истамбул

5
Тибқи иттилоъи оҷонсии Dogan, маҷаллаи Adimlar бо созмони радикалии исломии “Ҷабҳаи фотеҳони Ховари Бузург” (IBDA-C), ки масъулияти силсилатаркишҳоро ба дӯш дорад, алоқаманд аст.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputik. Дар пайи инфиҷори рухдода дар идораи маҷаллаи исломии Adimlar дар Истамбул як нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд, менависад РИА Новости дар такя ба ВАО-и Туркия.

Бино ба фарзияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар идораи маҷаллаи исломӣ бомба таркидааст. Инфиҷори газ истисно аст, зеро бӯйи онро касе эҳсос накардааст. Дар пайи таркиш корманди аншрия Унсал Зор ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захм бардоштаанд, иттилоъ медиҳад манбаъ ба истинод ба рӯзномаи Sabah. Ҳаёти ҷабрдидаҳо таҳти хатар қарор надорад, онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Тибқи иттилоъи оҷонсии Dogan, маҷаллаи Adimlar бо созмони радикалии исломии "Ҷабҳаи фотеҳони Ховари Бузург" (IBDA-C), ки масъулияти силсилатаркишҳоро ба дӯш дорад, алоқаманд аст.

Ташкилоти террористии IBDA-C, ки соли 1984 таҳти роҳбарии Солеҳ Иззат Эрдис созмон ёфтааст, барои ташкили давлати исломӣ таҳти унвони "Ховари Бузург" талош мекунад.

Ин созмон масъулияти чанд силсилатаркишҳоро дар мағозаву тарабхонаҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти алкоҳол рабт доранд, ба зимма гирифтааст. Солҳои 90-и садаи гузашта аъзоёни IBDA-C ба ҷони сиёсатмадорони маъруфи турк сӯйиқасд ташкил карда буданд.

Гуфта мешавад, бархе аз аъзоёни ин созмон дар авохири солҳои 90 кушта шуда, бо ҳукми додгоҳи Туркия роҳбари ташкилот Эрдис дар моҳи апрели соли 2001 абадан равонаи зиндон гардид.

5
Барчаспҳо:
ду нафар захм бардоштанд, як кас ҳалок шуд, инфиҷор, таркиш дар Истамбул, IBDA-C, рӯзномаи Sabah, оҷонсии Dogan, маҷаллаи Adimlar, Ҷабҳаи фотеҳони Ховари Бузург, Унсал Зор, Солеҳ Иззат Эрдис, Истамбул, Туркия