Официальный сайт Transparency International

Дар Русия Transparency International “ҷосуси хориҷӣ” эълон шуд

12
(Таҷдидшуда 15:53 08.04.2015)
Вазорати адлияи Русия намояндагии Transparency International дар ин кишварро ба феҳристи созмонҳои “ҷосуси хориҷӣ” шомил кард.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати адлияи Русия намояндагии Маркази таҳқиқоти зиддифасод Transparency International дар кишварро ба феҳристи созмонҳои "ҷосуси хориҷӣ" ворид кард, менависад РИА Новости.

Дар хабари вазорати адлияи ин кишвар омадааст, далелҳои "ҷосуси хориҷӣ" будани намояндагии Transparency International дар ҷараёни тафтишоти додситонӣ ошкор шуданд.

Дабири кулли намояндагии Transparency International дар Русия Антон Поминов изҳор намудааст, ки онҳо аз болои тасмими вазорат ба додгоҳ шикоят мебаранд. Қарор аст, ки ин ариза рӯзи 9 апрел аз сӯи додгоҳ ноҳияи Таганкаи Маскав бозрасӣ шавад.

Раҳбари раёсати Transparency International Елена Панфилова мутмаин аст, ки фаъолияти ин марказро наметавон сиёсӣ номид, зеро ҳадафи он на тағйири сиёсати давлатӣ, балки татбиқи ин сиёсат аст.

Моҳи декабри соли гузашта Transparency International гузориши навбатии худро нашр кард, ки дар он Русия дар шохиси дарки фасод дар мақоми 136-ум ва дар паҳлӯи Нигерия, Лубнон, Қирғизистон, Эрон ва Камерун ҷой гирифт. Думаи давлатии Русия ин гузоришро дорои ангезаи сиёсӣ номида буд.

Намояндагии Transparency International дар Русия 52-юмин созмони ғайриҳукуматиест, ки аз сӯи вазорати адлияи Русия ба феҳристи "ҷосусҳои хориҷӣ" ворид карда шудааст.

12
Барчаспҳо:
маркази таҳқиқотӣ, созмони иҷтимоӣ, таҳқиқ, тафтиш, фасод, фаъолият, "ҷосуси хориҷӣ", Вазорати адлияи Русия, Transparency International, Елена Панфилова, Русия
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

59
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

59
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

374
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

374
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак