Неруҳои вижаи Миср. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати беш аз 10 нафар дар Миср дар пайи тирпарронӣ

3
(Таҷдидшуда 16:13 09.04.2015)
Дастикам ду мушаки партобшуда дар маҳалли сукунати одамон дар шаҳри Шайх Зубайд таркид. То кунун ҳеч яке аз гурӯҳҳои даргир масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтааст.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ба иттилоъи расида, дар пайи тирпарронӣ аз миномётҳо дар шибҳаҷазираи Синои Миср 11 нафар кушта ва шаш каси дигар ҷароҳат бардоштаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба PressTV.

Манбаъ меафзояд, ашхоси номаълуми мусаллаҳ ба ҷониби пойгоҳи низомӣ мушак партоб карданд, аммо ин мушакҳо дар маҳалли сукунати одамон дар Шайх Зубайд афтодаанд.

Қайд мешавад, ки то кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти ин амалро ба зимма нагирифтааст.

Амалиётҳои террористӣ дар Миср пас аз барканории президент Муҳаммад Мурсӣ дар соли 2013 зуд-зуд ба вуқӯъ мепайванданд. Вазъи минтақаи шимолии Синои Миср ҳамоно ноором буда, дар ин ҷо қариб ҳар рӯз бархӯрди ҷангиён бо мақомоти давлатӣ ба назар мерасад. Ҳукумат масъулияти ин амалҳоро ба дӯши ҷамъияти "Ихвон-ал-муслимин" (Бародарони мусалмон), ки дар Миср созмони ифротӣ эълон шудааст,  бор мекунад.

3
Барчаспҳо:
ҳалокати 11 нафар, миномёт, мушакборон, Бародарони мусалмон, Ихвон-ал-муслимин, Муҳаммад Мурсӣ, Сино, Миср