Тандиси тиллокоришудаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маркази Ашқобод

Ҳайкали президенти Туркманистон дар Ашқобод гузошта шуд

9
(Таҷдидшуда 17:21 25.05.2015)
Баландии тандис, ки бо исми “Аркадаг” ёд мешавад, 21 метр буда, таҳсутуни мармариаш 15 метр дарозӣ дорад. Ҳайкал аз биринҷ омода шуда, бо 24 карат тилло андова гардидааст.

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон имрӯз, 25-уми май, ба муносибати "Рӯзи шаҳр" парда аз рӯи тандис ё худ пайкараи раиси ҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бардошта шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ин аввалин тандиси Қурбонгулӣ аст, ки дар таҳсутуни мармарини 15 метра гузошта шудааст ва дар маҷмӯъ 21 метр дарозӣ дорад. Онро наққоши мардумии Туркманистон, Сарат Бабаев аз биринҷ сохтааст, ки бо 24 карат тилло андова шудааст.

Номи расмии ин тандиси Бердимуҳаммадов "Аркадаг Бинаси" ба маънии "пуштибон", "такягоҳ" омадааст. Раҳбари давлати Туркманистон дар ин тандис бо либосҳои суннатии туркманӣ савори аспи ахалтекӣ бо дасти рости бардошта тасвир шудааст.

Дар паҳлӯи Қурбонгулӣ кабутаре дар парвоз тасвир шудааст, ки намоди талош барои сулҳ гуфта шудааст. Раиси парлумони Туркманистон, Акҷӣ Нурбердиева гуфтааст, ки қарори гузоштани ин тандисро парлумон қабул кардааст. Дар он қарор қайд шудааст, ки ин тандис дар пайи муроҷиатҳои бешумори шаҳрвандони Туркманистон, ки "ба сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии кишвар ва дастоварду обрӯи он дар сатҳи байналмилалӣ ба номи президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бастагӣ дорад", гузошта шудааст.

"Қаҳрамони мо Аркадаг муҳаббат ва арҷгузории мардумро дар симои сиёсатмадори дурандеш, олими варзида, дорандаи донишҳои васеъ дар соҳаи иқтисод, меъморӣ, маориф, илм, тиб, фарҳанг, ҳунар ва соҳаҳои дигар ба унвони ходими давлативу сиёсии даврони муосир ва намунаи хидмат ба мардум ва Ватан таҷассум кардааст"-гуфтааст бону Нурбердиева.

9
Барчаспҳо:
Аркадаг, тандиси президент дар Ашқобод, президенти Туркманистон, Парлумони Туркманистон, Ақҷӣ Нурбердиева, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Ашқобод, Туркманистон
Мавзуъ
Дар Туркманистон баргузории гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳоро иҷоза медиҳанд