Райисҷумҳури Русия Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Эътимод ба Путин ҳанӯз ҳам ба таври рекордӣ боқӣ мемонад

4
(Таҷдидшуда 17:36 28.05.2015)
Аксари сокинони Русия фаъолияти Владимир Путинро дар курсии райисҷумҳур дуруст мешуморанд, омадааст дар хулосаи як таҳқиқоти иҷтимоӣ, ки моҳи майи соли равон анҷом пазируфт.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Амалҳои Владимир Путин ба ҳайси президенти Русия аз ҷониби 86% сокинони кишвар дастгирӣ меёбад, менависад РИА Новости бо истинод ба пажӯҳиши дар моҳи май анҷомдодаи "Левада-сентр".

Танҳо 13 фоизи русиягиҳо фаъолияти Путинро тарафдорӣ накарда, як дарсади дигар ҳанӯз муносибати худро ба ин муайян нанамудаанд.

Моҳи феврал ва апрели соли ҷорӣ низ сокинони Русия дар ҳамин ҳад (86%) ба роҳбари давлат боварӣ зоҳир карда, тибқи таҳқиқоти ВТСИОМ дар моҳи апрел натиҷаи аз ҳама баланди рейтинги Путин миёни аҳолӣ (88%) ба қайд расида буд.

Фаъолияти нахуствазири кишвар Дмитрий Медведевро бошад, дар моҳи май 63% ва дар апрели соли равон 66 фисади сокинон пуштибонӣ кардаанд.

Назарсанҷӣ аз сӯи маркази таҳқиқотии "Левада-сентр" рӯзҳои 22-25 май сурат гирифта, зимни он 1,6 ҳазор нафар сокини ФР аз 134 минтақаи аҳолинишин  пурсида шудаанд. Гуфтанист, ҳадди берун аз ҳошия (дур аз эътимод- шарҳи идора)-и маълумоти мазкур на бештар аз 3,4 дарсадро ташкил медиҳад.

4
Барчаспҳо:
фаъолияти Путинро ҷонибдорӣ менамоянд, сокинон ба райисҷумҳури ФР эътимод доранд, рейтинги баланди Путин, нахуствазири Русия, президенти ФР, Дмитрий Медведев, Владимир Путин, Русия
Мавзуъ
Путин дар садри ҷадвали нухбагони Русия қарор гирифт
Чаро маҳбубияти Путин бо мантиқ дар таззод аст?
Рейтинги баланди Путин ва коҳиши қурби рубл пеш аз паёми имсола
Полицейские охраняют территорию после сообщения о нападении с ножом в церкви Нотр-Дам в Ницце

Теракт дар Фаронса: нафари мусаллаҳ сари занеро буриду ду нафари дигарро парронд - навор

930
(Таҷдидшуда 17:14 29.10.2020)
Наздикии Нотр - Дам - де Нитса як фарди мусаллаҳ ба роҳгузарон ҳамла намуд. Ӯ сари як занро аз тан ҷудо карду дуи дигаро ҳадафи тир қарор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Теракти мудҳиш дар наздикии Нотр - Дам - де Нитса тақрибан соати 11:00 ба вақти Маскав рух дод. Бар тибқи маълумоти расмӣ, фарди ношинос бо истифода аз корд сари як зани роҳгузаро бурида, чанд нафари дигарро ҳадафи тир қарор дод.

Бо такя ба маълумоти ахир, бар асари ин теракт дасти кам се нафар ҷони худро аз даст доданд. Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки ҳамлаварро дастгир ва шахсияташро муайян созанд.

Ҳоло омили асосии даст задан ба ин амали нангин дақиқ мешавад.

Раиси шаҳри Нитса Кристиан Эстрози ҳодисаи мазкурро амали террористӣ арзёбӣ кард.

Дар Фаронса сари омӯзгори таърихро аз тан ҷудо карданд: аксҳои пайғамбарро масхара мекард

Дақиқан, чанд ҳафта пеш дар Фаронса ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд. Он замон сари профессори коллеҷ аз тан ҷудо карда шуд. Омӯзгори марҳум ба донишҷӯёни худ тасвирҳои танзмези Пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

930
Барчаспҳо:
теракт, Фаронса
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото

Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

2252
(Таҷдидшуда 13:27 29.10.2020)
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Telegram-аи худ пас аз изҳороташ дар бораи карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) муроҷиати худро ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қодиров қаблан раҳбари Фаронсаро барои суханронӣ ба ҳимоят аз карикатураҳои пайғамбар маҳкум кард.

Вай Макронро дар пуштибонӣ аз иғво айбдор кард ва илова кард, ки президенти Фаронса "пинҳонкорона мусулмононро ба ҷиноят даъват мекунад".

Қодиров аз Макрон даъват кард, ки ҳамлаҳо ва иғвоҳои мазҳабиро "пеш аз дер шуданаш" боздорад.

Бо шарҳи ин навиштаҳои Қодиров котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки сарони субъектҳо ба сиёсати хориҷӣ машғул нестанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар навиштааш Қодиров таъкид кардааст, ки ба президенти Фаронса на ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун як мусалмон муроҷиат кард ва илова кард, ки омода аст суханони худро такрор кунад.

Вай таъкид кардааст, чун шахс, ки дини худро дӯст медорад ва эътиқоди онро қатъиян риоя мекунад, чунин ҳуқуқ дорад.

"Барои ин андеша, агар лозим ояд, ман омодаам аз вазифаам истеъфо диҳам, азоб кашам ё ҷон диҳам! Аммо хомӯш истода тамошо кардан, ки динро тамасхур мекунанд, ман наметавонам ва нахоҳам кард!" - таъкид кард сарвари Чеченистон.

Ёдовар  мешавем, қаблан Макрон зимни суханронии васеъ оид ба мубориза бо ҷудоихоҳии мазҳабӣ дар Фаронса эълом дошт, ки лоиҳаи қонуни марбута ба таҳкими арзишҳои ҷумҳуриявӣ рӯзи 9 декабр пешниҳод хоҳад шуд.

Вай зарурати "озод кардани ислом дар Фаронсаро аз таъсири хориҷӣ" ва шадидтар кардани назорат аз болои маблағгузории масҷидҳо эълом кард.

Сабаби суханронии Макрон куштори муаллими таърих Самуил Пати буд, ки карикатураҳои Пайғамбар Муҳаммадро нишон додаву нишонаи озодӣ хонда буд.

Қаблан президенти Фаронса зимни шарҳи нашри нави карикатураҳои маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар моҳи сентябр гуфта буд, ки дар кишвар "озодии куфр" вуҷуд дорад.

Пас аз куштори муаллим, Макрон таъкид кард, ки Фаронса аз нашри карикатураҳо даст намекашад.

2252
Барчаспҳо:
Чеченистон, Дмитрий Песков, Эммануэл Макрон, Ислом, дин, Рамзан Қодиров
Доктор медицинских наук, профессор, заведующий кафедрой инфекционных болезней Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино Рахманов Эркин

Саринфексионисти Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба мавҷи дуюми COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:40 29.10.2020)
Эркин Раҳмонов, саринфексионисти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагиҳо ба мавҷи дуюми бемории коронавирусро шарҳ дод

Раҳмонов мегӯяд, дар кишвар тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус амалӣ шуда истодаанд ва агар он фаро ҳам расад, бахши тандурустии кишвар захоири кофиро дар ихтиёр дорад.

Главный инфекционист Таджикистана: если вторая волна будет, резервы у нас готовы
“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, - изҳор дошт сироятшинос.

Ӯ изҳори умед кард, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

Раҳмонов таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат аз моҳи апрел то ҳозир ба 10 ҳазору 939 нафар расид, 

Ҳамзамон дар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 128 нафар (92,5%) баробар гардид.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, мавҷ, Тоҷикистон