Одамон дар назди ситоди марказии фармондеҳии киштии Ситораи Шарқ ҷамъ шуданд

Муноқишаи наздикони мусофирҳои киштии ғарқшуда бо мақомоти Шанхай

7
Киштии мутаалиқ ба ширкати “Киштиронии шарқии Чунтсин” аз тарафи Нанкин, воқеъ дар ҷануби ғарби Чин ба Чунтсин ҳаракат мекард. Маҳалле, ки киштӣ ғарқ шуд, 15 метр чуқурӣ дорад.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Пайвандони мусофирҳое, ки дар киштии "Ситораи Шарқ" дар рӯдхонаи Янтсзи ғарқ шудаанд, бо намояндагони ҳукумати Шанхай муноқиша карда, хостори иттилоъи бештар дар мавриди умури наҷотдиҳӣ гаштаанд, менависад РИА Новости.

Дар ин киштӣ, ки рӯзи душанбе ғарқ шуд, 458 одам ҳузур дошт: 406 мусофир ва 47 сарнишини он, инчунин панҷ намояндаи як ширкати ҷаҳонгардӣ. Расонаҳои Чин то ин соат дар бораи наҷоти 10 нафар иттилоъ додаанд.

Рӯзи сешанбе қариб 60 нафар дар назди маъмурияти ҳукумати Шанхай ҷамъ омада, хостори дарёфти маълумоти бештар дар мавриди корҳои наҷотбахшӣ гардиданд. Иттилоъи заруриро пайдо накарда, онҳо бо масъулини мақомот даргир шуданд.

Онҳо гуфтанд, дар бораи садама на аз ширкати сайру саёҳат, балки аз ВАО огаҳӣ пайдо кардаанд.

Киштии мутаалиқ ба ширкати "Киштиронии шарқии Чунтсин" аз тарафи Нанкин, воқеъ дар ҷануби ғарби Чин ба Чунтсин ҳаракат мекард. Маҳалле, ки киштӣ ғарқ шуд, 15 метр чуқурӣ дорад.

Тибқи фарзияҳои пешакӣ, сабаби ғарқшавии киштӣ тӯфони шадид дар дарё мебошад.

 

7
Барчаспҳо:
киштӣ ғарқ шуд, муноқишаи наздикони мусофирҳои ғарқшуда, ширкати “Киштиронии шарқии Чунтсин, "Ситораи Шарқ", мақомоти Шанхай, Чунтсин, Нанкин, Шанхай, Чин
Беременность, архивное фото

Коронавируси сархур: омори таваллуди тифли мурда 50 дар сад афзуд

290
Бо далели пандемия, мушкилоти ҳомиладорӣ сари вақт ташхис муайян карда намешаванд, ки ин оқибатҳои ғамангезро ба бор меорад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар дафраи ҳамагирӣ омори таваллуди тифли мурда дар ҷаҳон 50 дар сад зиёд шуд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар истинод ба расонаҳои ҷаҳонӣ.

Манбаъ менависад, таҳқиқоти ахири як гурӯҳи олимони байналмилалӣ нишон дод, ки ҳангоми пандемия фоизи ҳомиладории номуваффақ якбора афзудааст.

"Аз ҷумла, омори кӯдакони мурда таваллудшуда зиёд шудааст. Олимон инро ба он рабт медиҳанд, ки бинобар маҳдудиятҳои мухталиф дар муассисаҳои тиббӣ ва ба таври куллӣ бекор кардани ташхисҳои барномарезишуда аз баҳори соли равон, занони ҳомила дар аксари кишварҳо тавре бояд назорат намешаванд", - тавзеҳ медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Мушкилоти ҳомиладорӣ сари вақт ташхис муайян карда намешаванд, ки ин оқибатҳои ғамангезро ба бор меорад. Муҳаққиқон мегӯянд аксар вақт муроҷиати зани ҳомила ба далели ҳимояи вай аз сироят ба КОВИД-19 дар бемористонҳо рад карда мешавад ва ин амал баръакс мушкилро бештар мекунад.  

Дар аввали моҳи август, нашрияи мӯътабари илмии The Lancet Global Health бо истифода аз далелҳои бадастомада аз Непал чунин таҳқиқотро нашр кард.

Дар он зиёда аз 20 ҳазор заноне, ки дар нӯҳ беморхонаҳои гуногуни кишвар таваллуд мекунанд, ширкат варзиданд. Таҳқиқот нишон дод, ки омори таваллуди тифли мурда танҳо дар ду моҳ 50% зиёд шудааст. Дар ин кишвар моҳи март аз 1000 тифл 14 тифл мурда ба дунё омадааст ва моҳи май бошад аз 1000 тифл 21 тифл мурда таваллуд шудааст. 

Карантин дар таваллудхонаи Суғд хатм шуд: COVID-19 дар ягон зани ҳомила дарёфт нагардид

Дар ҷараёни таҳқиқоти охирин олимон ба хулосае омаданд, ки вазъ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон тақрибан яксон аст.

290

Толибон пешниҳоди оташбаси давлати Афғонистонро рад кард

552
(Таҷдидшуда 02:02 18.09.2020)
Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар дархости давлати Афғонистонро барои барқарории оташбас рад кард

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммаднаим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон гуфт, ки ин маъқул нест, ки ҷанги бистсоларо дар як соат ба поён бирасонем.

“Ба назари мо, бояд иллати ин ҷанг мавриди баҳс қарор гирад ва сипас оташбаси ниҳоӣ барқарор шавад”, - таъкид дошт Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон.

 Муҳаммаднаим Вардак дар Қатар зимни таъкид бар ҳалли ихтилофот бо давлати Афғонистон афзуд:Толибон хостори барқарории ҳукумати исломӣ дар кишвар аст.

 Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, сухангӯи ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон бо ҳайати гурӯҳи Толибон рӯзи чаҳоршанбе дар панҷумин рӯзи ин музокирот дар Давҳаи Қатар гуфт,ки дастури кори музокирот дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва ду ҳайат дар бештари мавридҳо тавофуқ доранд.

 Нодирӣ гуфт, ки музокироти Давҳа то расидан ба натиҷаи матлуб идома дорад.

 Давлати Афғонистон ва Толибон қарор аст дар ин музокирот дар бораи барқарории оташбас, низоми сиёсии ояндаи Афғонистон, тақсими қудрат ва шеваи  пайвастани Толибон ба нируҳои амниятии ин кишвар музокира кунанд.

552
Барчаспҳо:
дархост, Қатар, оташбас, Толибон, Афғонистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон