Гузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ

Қирғизҳои Қазоқистон аз ҳаққи пардохт барои убур аз марз нигаронанд

0
(Таҷдидшуда 17:25 09.06.2015)
Мақомоти Қирғизистон барои убури нақлиёт аз марз боҷи зистмуҳитӣ роҳандозӣ карданд, ки боъиси нигаронии ҷаҳонгардон шуда ва ҳуқуқдонҳо аз амри пардохти андоз аз сӯйи ронандаҳои мошинҳо ва мотосиклҳо интиқод мекунанд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Қирғизтаборони муқими Қазоқистон аз роҳандозии пардохти боҷ зимни убур аз марз бо Қирғизистон нигарон шудаанд, хабар медиҳад Sputnik дар Бишкек бо истинод ба анҷумани "Замондош".

Тибқи иттилоъи ин созмон, ба онҳо атбоъи Қирғизистон, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунанд бо суоле муроҷиъат кардаанд: "Ба ҷӣ асос аз моҳи май зимни убур аз марзи миёни Қирғизистон ва Қазоқистон боҷ меситонанд?".

"Қирғизтаборон бар ин назаранд, ки чунин амр аз сӯйи ниҳодҳои давлатии Қирғизистон бавижа дар арафаи пайвастшавӣ ба ИИАО хирадмандона нест. Ба гуфтаи ҳамватанон бештаре аз мошинҳои дорои шумораи қазоқӣ водор шудаанд аз марз бозпас бираванд ва ронандаҳои онҳо аз ин амр норозӣ ҳастанд", — гуфтанд дар "Замондош".

Зикр мешавад, ки маъмурони гумрук далел меоранд, ки ҳукумати Қирғизистон аз 12 май санадеро дар бораи ситонидани боҷ барои зистмуҳитӣ ба ҳангоми убури мошинҳои боркаши кишварҳои дигар аз марз ба ҷумҳуриро тасвиб кардааст.

Дар "Замондош" таъкид мекунанд, ки дар тасмими ҳукумат сухан дар бораи ситонидани боҷ аз мошинҳои боркаш гуфта шудааст, вале дар нархнома мошинҳои сабукрав, мотосиклҳо ва анвои дигари нақлиёт зикр шудаанд.

"Мавсими ҷаҳонгардӣ шурӯъ мешавад ва шаҳрвандони Қазоқистон ва ҳамватанон истироҳаткунандагони воқеъӣ мебошанд ва ба будҷаи Қирғизистон маболиғи ҳангуфте ворид месозанд", — изҳор доштанд дар анҷуман.

Бояд ин амр ҷиддӣ баррасӣ шуда тавзеъ дода шавад, машварат медиҳанд кормандони "Замондош".

Тибқи тасмими ҳукумат, маблағи боҷи мошини воридшаванда ба Қирғизистон 1 ҳазор сом аст (ҳудуди 16 доллар), аз автобуси кӯчак 2,5 ҳазор сом (ҳудуди 42 доллар), менависад КирТАГ.

Тибқи шумориши муқаддамотӣ ҳамасола маблағи боҷи зистмуҳитӣ будҷаи кишварро ба маблағи 20 миллион доллар ғанӣ месозад.

0
Барчаспҳо:
роҳандозии ситонидани боҷи зистмуҳитӣ, анҷумани "Замондош", Қирғизистон
Мавзуъ
Шумори тоҷикон дар 16 соли ахир дар Қирғизистон 7,5 ҳазор афзоиш ёфт
Ҳукумати Русия низоми муҳоҷиратро бо Қирғизистон содда карданист
Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад
Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд