Маъмурони пулиси Фаронса. Акс аз бойгонӣ

Афроди мусаллаҳ дар Фаронса одамонро гаровгонон гирифтанд

5
(Таҷдидшуда 14:32 13.07.2015)
Пулиси Фаронса маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Вилнев-ла-Гарен ба муҳосира гирифтаанду дар дохили фурӯшгоҳ афроди мусаллаҳи ҷинояткор мавонеъ сохта чанд нафарро гаравгон гирифтаанд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Афроди мусаллаҳи ношинос ба фурӯшгоҳе дар шаҳри фаронсавии Вилнев-ла-Гарен ворид шуда дар он ҷо ҷойгир шудаанд ва тибқи иттилоъи муқаддамотӣ дар маркази тиҷоратӣ ҳудуди 10 нафар қарор доранд.

"Феълан марказ комилан масдуд аст ва дар маҳалли ҳодиса маъмурони пулис умури худро анҷом медиҳанд", — гуфт ба хабарнигори РИА Новости намояндаи маркази тиҷоратии Quartz.

Ҳамла ба фурӯшгоҳи Primark дар маркази тиҷоратии Вилнев-ла-Гарен соати 06.30 ба вақти маҳаллӣ (09.30 дшб) рух додааст.

Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс бо истинод ба намояндаи ниҳодҳои интизомӣ "ҳудуди соати 07.00 субҳ яке аз аз кормандони фурӯшгоҳ ба дӯсти худ пайёмаке ирсол карда хабар медиҳад, ки аз сӯйи ду фарди мусаллаҳ гаравгон гирифта шудааст".

То ҳол иттилоъ дар бораи даъвои ҳамлагарон ба даст нарасидааст. Ба иттилоъи хабаргузорӣ, эҳтимолан сухан дар бораи дуздии мусаллаҳона меравад.

5
Барчаспҳо:
чанд бор шуд ки дар Фаронса ин кор такрор мешавад, гаравгонгирӣ дар фурӯшгоҳе дар Фаронса, Франс Пресс, Quartz, Вилнев-ла-Гарен, Фаронса
Мавзуъ
Шашумин мотами миллӣ дар таърихи Фаронса
Пайёмбар бо шиъори "Ман Шарли" дар маҷаллаи Charlie Hebdo нашр мешавад