Алайҳи тазоҳуротчиён дар Фергюссон гази ашковарро истифода карданд

© AP / Jeff RobersonТазоҳуротчиён дар Фергюссони ИМА. 9 августи соли 2015
Тазоҳуротчиён дар Фергюссони ИМА. 9 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми дирӯз ду ҳолати оташкушоӣ аз силоҳ ба қайд расида, ду нафар бар асари он захмӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Пулиси Амрико дар тазоҳуроте дар шаҳри Фергюссон аснои пеш кардани тазоҳуротчиён пас аз марги Майкл Браун як нафарро захмӣ кардааст.

ВАО: Тазоҳуротҳои оммавӣ дар 120 шаҳри ИМА баргузор мешаванд

Тибқи иттилоъи расида, тирандозӣ зимни тазоҳуроти бахшида ба аввалин солгарди қатли як ноболиғи бесилоҳи сиёҳпӯст аз тарафи пулиси сафедпӯст дар ин шаҳр дар иёлати Миссури сурат гирифт.

Сардори раёсати пулис Ҷон Блемор гуфтааст, як мард ҳангоми тазоҳурот ба тарафи маъмурони пулис тир андохтааст ва дар оташи ҷавобии онҳо захмӣ шудааст. Вазъи маҷрӯҳ ҷиддӣ, вале мӯътадил арзёбӣ мегардад. "Ин мард мусаллаҳ буд ва бо мошини берақам аз қафои маъмурони пулис омада ва ба тарафи онҳо тир андохтааст",-қайд мешавад дар изҳороти пулис. Барои пароканда кардани издиҳом бошад, пулис аз гази ашковар истифода кардааст.

Тазоҳуроти рӯзи 9 —уми август бахшида ба солгарди қатли Майкл Браун дар Амрико осоишта гузашт. Соле пеш як афсари пулиси сафедпӯст ин навраси сиёҳпӯстро ҳангоми таъқиб бо зарби туфанг кушт ва ин ҳодиса тазоҳуроти густурда алайҳи нажодпарастӣ ва аз аз ҷумла тазоҳуроти хушунатомезро дар саросари Амрико барангехт.

Лентаи хабарҳо
0