Леонид Слутский, раиси Кумитаи Думаи давлатии ФР. Акс аз бойгонӣ

Истиқболи гарми Думаи давлатӣ аз тасмими вакилони парлумони Аврупо

12
Аз вакилони парлумони Фаронса ибрат гирифта, намояндагони дигар кишварҳои аврупоӣ низ мехоҳанд ба Қрим биёянд. Думаи давлатӣ аз ин тасмим истиқбол мекунад.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Вакилони парлумони Русия аз тасмими ҳамтоёни аврупоии худ, аз ҷумла намояндагони сейми Лаҳистон, ки нияти боздид аз Қримро доранд, изҳори хушнудӣ мекунад, иброз дошт роҳбари Кумитаи Думаи давлатӣ Леонид Слутский, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Дарҳои Қрим барои ҳама бозанд, пас аз ташрифи ҳамтоёни фаронсавиамон "ях шикаст", Аврупо ҳақиқатро донистан мехоҳад",- гуфт Слутский.

Ба суоли он ки то куҷо вакилони парлумони Лаҳистон пас аз дидор ҳақиқатро хоҳанд гуфт, Слутский посух дод, ки: "Ҳақиқат чунон аст, ки онро таҳриф кардан имкон надорад".

Вакили парлумони Аврупо аз  Лаҳистон Януш Корвин- Микке, ки бо андешаҳои чапгароёнаи худ маъруф аст, ба нашрияи "Известия" дар бораи сафари қарибулвуқӯъяш ба Қрим иброз доштааст. Ӯ афзудааст, ин масъала ба наздикӣ бо ҳамҳизбонаш аз ташкилоти сиёсии "Ростгароёни ҷадид" (Новие правие) баррасӣ мешавад.

Моҳи июли соли равон вакилони парлумони Фаронса, ки ҳайати онҳо аз 10 нафар иборат буд, ба Қрим омаданд. Зимнан, пас аз ташрифи онҳо намояндагони Олмон, Потугалия, Италия ва чанд кишвари дигари аврупоӣ изҳори боздид аз нимҷазираро карданд.  

12
Барчаспҳо:
дари Қрим барои ҳама боз аст, ташрифи лаҳистониҳо дар назар аст, вакилони парлумони Лаҳистон ба Қрим меоянд, Парлумони Аврупо, Думаи давлатӣ, Леонид Слутский, Португалия, Италия, Қрим, Фаронса, Лаҳистон, Русия
Мавзуъ
Расонаҳо: вакилони порлумони Италия озими Қрим шудаанд
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

208
(Таҷдидшуда 18:55 28.09.2020)
Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

208
Барчаспҳо:
мина, таркиш, Афғонистон
Вакцина от коронавируса

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

144
Чин мегӯяд то соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол мекунад ва ҳамаи шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила эм мекунад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чин то охири соли 2020 610 миллион вояи ваксинаи зидди  коронавирус ва соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол хоҳад кард, хабар медиҳад Казинформ бо такя ба маълумоти директори Маркази рушди илми тиб ва технологияҳои Комиссияи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Чжунвэй.

"Иқтидори Чин ҷиҳати истеҳсоли  ваксинаҳои зидди коронавирус то охири соли 2020 610 миллион ва соли 2021 беш аз 1 миллиард воя арзёбӣ мешавад",- иброз намуд Чжен Чжунвэй.

Ҳамзамон ин масъули соҳаи тиб зикр кард, ки эм намудани аҳолӣ бо ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад ва дар қадами аввал, одамоне, ки хатари баландтари сироятёбӣ аз коронавирус доранд, хусусусан кормандони тиббии "дар хатти пеш" буда ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла, пиронсолон, занҳои ҳомиладор ва кӯдакон) афзалият хоҳанд дошт.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Ба гуфтаи Тсзэн Гуан, сухангӯи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, ваксинаҳои зидди коронавируси чинӣ метавонанд системаи эминии инсонро дар муддати нисбатан тӯлонитар ҳифз кунанд.

144
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1780
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1780