ВАО: кӯли сунъӣ дар Бадахшон ба сокинон хатар эҷод мекунад

© Предоставлено Акмалом ВатаншоевымОқибати селу обхезӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015
Оқибати селу обхезӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯли то кунун беном дар шохаи рӯдхонаи Ғунд дар 16-километрии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ҷойгир аст ва дар наздикиву атрофи он бештар аз 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Баъди як моҳи пайдо шудани як моҳ аз пайдоиши кӯли сунъӣ дар яке аз шохобҳои рӯдхонаи Ғунд дар Бадахшон, сатҳи оби он 20 сантиметр боло рафта, хатари рахна шудани кӯл ба вуҷуд омадааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба тахмини мутахассисон, дар ин кӯл аз 7 то 20 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст ва дар сурати рахна шудан эҳтимолан ҳазорон манзилро дар хатар гузорад.

Тибқи иттилоъи манбаъ, дар ҳоли ҳозир комиссияи вижаи ҳукуматӣ ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон кӯшиш доранд оқибатҳои эҳтимолии рахна шудани кӯл ва хатари он барои аҳолиро муайян кунад.

Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазир пулҳои ҷудокардаи Э.Раҳмонро ба Бадахшон бурд

Ба қавли сарвари иҷроияи созмони "FOCUS" Шодмон Ҳоҷибеков, ки дар рафъи оқибатҳои селу обхезӣ кӯмак мекунад, мутахассисони рус то охири моҳи август бояд чуқурии кӯл,  сатҳи об ва фишори он ба сарбандро муайян кунанд.

"Дар масъалаи кӯл ҳар кас ҳар фарзия дорад. Баъзеҳо мегӯянд, дар он 7 миллион метри мукааб об аст, баъзеҳо мегӯянд, ки аз 12 то 14 миллион метри мукааб ва баъзеҳо мегӯянд, ки дар дохил 20 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст",- илова кардааст ӯ.

Оқои Ҳоҷибеков афзудааст, аммо ин фарзияҳо, ки олимону мутахассисон бо формулаҳои гуногун сохтаанд, ягон асоси расмӣ ва илмӣ надоранд. "Аз ҳамин лиҳоз, мо бо Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав (МГУ) дар тамос шудем ва дар нақша аст, ки дар ҳафтаҳои ахири моҳи ҷорӣ  мо мутахассисонро ҷалб мекунем ва онҳо ташхиси батиметрии кӯлро мегузаронанд".

Ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки ҳаҷми оби кӯли сунъӣ муайян нашавад, миқёси эҳтимолии фалокат дар рустоҳои наздисоҳилиро маълум карда намешавад. Аммо кӯли то кунун беном дар шохаи рӯдхонаи Ғунд дар 16-километрии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ҷойгир аст ва дар наздикиву атрофи он бештар аз 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Селу обхезӣ дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ дар миёнаи моҳи июл дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷу Рӯшон, Ишкошим ва Мурғобу Дарвоз даҳҳо хонаро хароб ва 6 нафарро қурбон кард. Дар маҷмӯъ 100 хона, аз ҷумла 78 манзили истиқоматӣ комилан ва 22 хонаи дигар қисман вайрон шуданд. Роҳ ва чандин пул, хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз байн рафт ва айни замон аъзои бештар аз 80 хонавода аз ноҳияи Шуғнон дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, то моҳи ноябр бояд барои онҳо хонаи истиқоматӣ сохта шавад.

Баъди селу обхезиҳо дар моҳи июл ҳукумати Тоҷикистон вазъи фавқуллода эълон кард ва бо муроҷиат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои рафъи оқибатҳои фалокат 100 миллион доллар кӯмак кунанд.  

Лентаи хабарҳо
0