Президенти Русия Владимир Путин бо роҳбари Туркия ва Фаластин Эрдуғон ва Маҳмуд Аббос

Путин ҳамроҳ бо Эрдуғон ва Аббос аз масҷиди Маскав дидан карданд

12
Масоҳати умумии ин масҷид наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар як вақт 10 ҳазор нафар метавонанд, намоз гузоранд.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав, ки дар Аврупо ҳамто надорад, иштирок карданд.

Дар ин маросим раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин ва сафирони кишварҳои аврупову намояндагони адёни дигар иштирок доштанд.

Масҷиди марказии шаҳри Маскав баъд аз бозсозӣ дар арафаи Иди қурбон, яке аз ду иди бузурги мусулмонон дубора дарҳои худро ба рӯи намозгузоронаш боз кард.

Инчунин дар маросими ифтитоҳи ин масҷид раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров ва раҳбарони Ингушистону Доғистон ҳам ҳузур доштанд.

Саҳни Масҷиди ҷомеи Маскав дар пайи ин бозсозӣ то 20 маротиба калонтар карда шудааст. Ҳоло масоҳати умумии ин масҷид наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар як вақт 10 ҳазор нафар метавонанд, намоз гузоранд. Бинои 6-ошёнаи ин масҷид бо 7 лифту роҳравҳои васеъ таъмин аст. Дар толорҳои гирду атроф мониторҳое овехта шудааст, ки ҳолати толори марказиро намоиш медиҳанд. Бузургтарин гунбади он 46 метр баландӣ ва 27 метр паҳноӣ дорад.

Ба қавли масъулини Шӯрои муфтиёти Русия ин масҷид бузургтарин масҷид дар Аврупо хоҳад буд. Он дар баробари доштани толорҳои адои намоз инчунин китобхона, толор барои гузаронидани конфронс, осорхона, намоишгоҳ, дафтари матбуотӣ, меҳмонсаро ҳам дорад. Инчунин қарор аст, дар он Донишкадаи исломию мадраса ва маркази фарҳангӣ ҳам боз шавад.

12
Барчаспҳо:
намозгузор, ифтитоҳ, дидан, ширкат, Масҷиди марказии Маскав, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Маҳмуд Аббос, Владимир Путин, Маскав