Ҷасади мурдаҳои ҳодисаи Минои Макка, 24 сентябри соли 2015

Хоманаӣ: Арабистони Саудӣ масъули фоҷиа аст

17
(Таҷдидшуда 21:58 12.10.2015)
Раҳбари инқилоби Эрон дар ҳодисаи ахири шаҳри Макка, ки беш аз 700 нафар зоири Хонаи Худо ба ҳалокат расиданд, мақомоти Саудиро гунаҳкор донист.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Раҳбари инқилоби Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтааст, ҳодисае, ки дар пайи он беш аз 700 нафар дар наздикии Макка ҷон доданд, бар асари хунукназарии мақомоти Арабистони Саудӣ рух додааст, менависад РИА Новости.

"Ҳукумати Саудӣ муваззаф аст, масъулияти сангини худро дар ин ҳодисаи талх бипазирад… Мудирияти ғалат ва иқдомҳои ношоиста, ки омили аслии ин фоҷеа буд, набояд аз назар дур бимонад", — таъкид кардааст Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки ҳоҷиён субҳи панҷшанбе саъй мекарданд дар Ҷамарот ба шайтони рамзӣ санг зананд. Тақрибан 2 миллион зоир дар сангзанӣ ба шайтони рамзӣ ширкат карданд ва он яке аз маросимҳои аслии ҳаҷҷи 5-рӯзаи зоирон дониста мешавад.

Тибқи иттилои хабаргузории нимарасмии "Форс"-и Эрон, дар ин ҳодиса 95 шаҳрванди он кишвар ба ҳалокат расида, 150 тани дигар захм бардоштаанд.

Дар оғози маросимҳои ҳаҷ низ крани сохтмонӣ ба рӯи Масҷиди ҷомеъ афтод ва дар он 107 нафар кушта, 350 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Сомонаи Кумитаи динни Тоҷикистон навишт, дар он ҳаводис ҳич ҳоҷии тоҷик зарар надидааст.

17
Барчаспҳо:
ҳоҷиён, зоирин, марг, масъулият, фоҷиа, ҳодиса, Оятуллоҳ Хоманаӣ, Мино, Макка