Ҳавопаймои низомии МиГ-29. Акс аз бойгонӣ

Ҳавопаймоҳои низомии Русия озими Сурия шуданд

22
(Таҷдидшуда 22:03 12.10.2015)
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости расондани ёриҳои низомӣ муроҷиат кардааст.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҳавопаймоҳои низомии неруҳои ҳавоии Русия баъд аз муроҷиати расмии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ба ин кишвар сафарбар шуданд, менависад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Франс Пресс.

"Неруҳои ҳавоии Русия баъд аз муроҷиати расмии Димишқ ба Сурия сафарбар шуданд. Дар номаи раисҷумҳури Сурия Башшор Асад аз Владимир Путин дархост шуда буд, ба хотири мубориза бо терроризм неруҳои ҳавоии Русия ба ин кишвар сафарбар шаванд",-меафзояд, манбаъ.

Сафоратхонаҳои Русия дар Бритониёи кабир ва Ҳиндустон ба самъи мақомоти ин кишварҳо алакай расонидаанд, ки ҳамлаҳои неруҳои ҳавоии Маскав алайҳи террористон дар хоки Сурия шуруъ шудааст.

Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Шӯрои Федеросиюн — маҷлиси болоии парлумони ин кишвар — хоста буд, то ба ӯ салоҳияти истифодаи нирӯҳои низомӣ дар хориҷ аз Русияро бидиҳанд ва ин шӯро ҳам рӯзи чаҳоршанбе бо бо иттифоқи оро ҳуқуқи истиқрори нирӯҳои ин кишвар дар хориҷро дод.

Давлати исломӣ
© Инфографика .
"Давлати исломӣ"
22
Барчаспҳо:
Асад, ҳавопаймоҳо, Сурия, террористӣ, ҷанги Сурия, сафарбар шуданд, Башшор Асад, Владимир Путин, Димишқ, Бритониё, Сурия, Русия, Маскав

Теъдоди қурбониёни таракиши Бейрут ба 135 нафар расид: 5 ҳазор ҷароҳатдор шуданд

20
(Таҷдидшуда 16:44 06.08.2020)
Теъдоди ҷонбохтагони таркиши мудҳиш дар Бейрут ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Ҳоло расман фавти 135 нафар тасдиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шумораи ҷонбохтагони  таркиш  дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут ба 135 нафар расид, хабар медиҳад "Al Jazeera.

Ба иттилои манбаъ, дар ин таркиш ҳадди аққал 135  кас  ҷон бохта,  тахминан  5 ҳазор  нафари дигар  захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмӣ иброз доштааст, ки  эҳтимоли зиёд гардидани шумораи ҷонбохтагон вуҷуд дорад, чунки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯйи одамони зиндамонадаро дар зери биноҳои валангор идома медиҳанд.

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

Губернатори Бейрут Марван Аббуд гуфт, ки дар шаҳр то 300,000 нафар бесарпаноҳ мондаанд. Мақомот барои бо ғизо, об ва манзил таъмин намудани онҳо кӯшиш мекунад.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

20
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

38
(Таҷдидшуда 16:14 06.08.2020)
Гузориши Департаменти Давлатӣ дар бораи "таблиғи русӣ" бо ҳадафи пешниҳоди Маскав дар бораи барқарор кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида пешбинӣ шудааст, гуфт сафорати Русия дар Вашингтон

Қаблан Маркази ҷалби глобалии Департаменти Давлатӣ гузоришеро дар бораи "сутунҳои маълумоти бардурӯғи Русия" интишор кард, ки мафҳуми "таблиғи русиро" ба низом овард. Ин таъриф, аз ҷумла, аз ҷониби васоити ахбори оммаи Русия бо маблағгузории давлатӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар сарлавҳаҳои Sputnik, РИА Новости, RT, Первий канал, Россия 24 ва ғайра намунаҳои пароканда оварда шудаанд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ба расонаҳои Русия ва дигар кишварҳо ҳушдор додаанд, ки матлабҳои таблиҳотии онҳо алайҳи ИМА ҷиддан тафтиш мешаванд ва ҳамчунин манбаҳои паҳнкунандаи он дар шабакаҳои иҷтимоиро амрико бидуни дудилагӣ мебандад.

Дар сафорат изҳор доштанд, ки ба Департаменти давлатӣ "мавҷудияти манбаҳои алтернативии иттилоотӣ" писанд нест ва барои ошкору бартараф кардани онҳо захираҳои ҷиддӣ равона карда шудааст.

Дилхоҳ овозе, ки бар муқобили Вашингтон аст, он ҳамчун хизмат ба Кремл ва хадамоти Русия пиндошта мешавад, таъкид намуданд дипломатҳои амрико дар сафҳаи Фейсбук.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Сафорат намунаҳои изҳороти бемаънии ин гузоришро ифшо намудаст. Аз ҷумла "дар иртиботи расмии ҳукумат" Вазорати умури хориҷии ИМА раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ва радиои хусусии "Говорит Москва" сабти ном кардааст.
Зимнан, Департаменти Амрико барои ифшои маълумоти бардурӯғ дар соли 2021 ҳудуди 138 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Русия борҳо тамоми иттиҳомоти Амрико дар робита ба он, ки Русия маълумоти бардурӯғро мунташир мекунад, рад намуда буд.

Трамп Меркелро ҷазо медиҳад: Олмонро пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ чӣ интизор аст -навор

Дар Амрико  агентии  давлатӣ оид ба пахши хориҷӣ аз қабили Садои Амрико ва радиои Озодӣ вуҷуд дорад, ки Вазорати адлияи Русия онҳоро дар якҷоягӣ бо дигар расонаҳои хабарӣ ба рӯйхати агентҳои хориҷӣ шомил кард.

Ин созмон, ки аз соли 1994 Шӯрои Идораи Телерадиошунавонӣ (BBG) ном дошт, соли 2018 Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба Глобалии Медиа (USAGM) номгузорӣ шуд. Дар доираи он, барномаҳои телевизионӣ таҳия карда мешаванд, аммо тақрибан танҳо барои пахши интернет. Агентӣ пурра аз буҷаи ИМА маблағгузорӣ мешавад, дар соли 2017 хароҷоти он 748 миллион долларро ташкил додааст.

38
Барчаспҳо:
таблиғ, Амрико, Русия, сафорат
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Боздошти Меҳровар барои қатли додараш дар Душанбе-видео

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 24 солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори додараш муттаҳам мешавад

 

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, бо гумони бародаркушӣ  Бобоҷонов Меҳровари 24 сола боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, куштор дар заминаи муноқишаи лафзӣ ва якдигарнофаҳмӣ санаи 15 июл тақрибан соати 15:20 ба вуҷуд омадааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯз Бобоҷонов Меҳровар бо бародараш Бобоҷонов Бахтовари 18 сола муноқиша намуда додарашро зери латукӯб қарор додааст.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Гуфта мешавад,Марҳум Бобоҷонов Бахтовар ҳамчун чораи муҳофизатӣ бо корди ошхонагӣ ба бародарааш ҳамла мекунад, аммо гумонбаршуда корди ӯро аз дасташ гирифта, як маротиба ба қафаси синааш зарба мезанад.

Дар натиҷаи зарби корди бародар бинобар сабаби рафтани хуни зиёд додар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, афзудааст манбаъ.

Вазорат шарҳ надодааст, ки чи омил боиси якдигарнофаҳми ва ҳатто куштор гаштааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашии бародар ба бародар набуда, даҳ рӯз пеш кормандони пулиси шаҳри Конибодом 

як сокини 40-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии додараш боздошт карданд.

Ҳамзамон ин ниҳод, қабл аз ин  як марди 42-сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

 

 

0