Бинои Капитолий дар Вашингтон. Ин ҷо ҷаласаҳои конгресси ИМА баргузор мешаванд

Сенати ИМА буҷаи низомиро бо иловаи кӯмак ба Украина тасдиқ кард

4
(Таҷдидшуда 22:09 12.10.2015)
Аз $612 миилиард, ки барои хароҷоти буҷаи низомии ИМА пешбинӣ мешавад, ҳудуди $300 миллион барои кӯмак ба Украина дар умури ҳарбӣ ва бахши ҷосусӣ ихтисос меёбад.

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Сенати конгресси Амрико баъд аз палатаи намояндагон  тарҳи қонуни буҷаи молиявӣ дар бахши низомир ба тасвиб расонид, ки он кӯмаки ҳарбӣ ба Украинаро низ дар бар мегирад, аммо интизор меравад райисҷумҳур Обама санадро имзо накунад.

Аз ҷумла, аз 612 миллиард доллари ихтисосёфта дар бахши низомӣ, ҷудо кардани 300 миллиони он барои кӯмак ба артиши Украина ва мақомоти қудратии он ҷудо карда мешавад. Бо ин маболиғ ба Киев аслиҳа, миномёт, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар навъи кӯмакҳои низомӣ ироа хоҳад шуд. Шеваи масрафи онро Пентагон муштаракан бо Департаменти давлатии ИМА муайян мекунад.

Президент Барак Обама шояд ин санадро имзо нагузорад, аммо сабаби он ба Украина рабт надорад. Мухолифати маъмурияти Кохи Сафед аз зиёд будани хароҷот дар тарҳи умумии қонуни мазкур шарҳ дода мешавад.

Ҷумҳурихоҳон, ки ҳар ду палатаи конгрессро зери назорат доранд, имкони рад намудани ветои президентро нахоҳанд дошт, зеро райъи қобили эътимод ба даст намеоранд. Ҳамин тавр, баъди ветои раисҷумҳур машваратҳо аз сар гирифта мешаванд.

4
Барчаспҳо:
тарҳи пешнависи қонуни буҷаи низомӣ, ҷанг дар Украина, вето, Конгресси Амрико, Ҳизби ҷумҳурихоҳон, сенати ИМА, президенти ИМА, Барак Обама, Киев, Амрико, Украина, ИМА