Даргириҳо дар Қоҳира. Акс аз бойгонӣ

Вазъ дар Муарани Фаронса ҳанӯз ҳам ноустувор аст

13
(Таҷдидшуда 15:02 21.10.2015)
Ҷамъияти лӯлиҳо ҳоло интизори қарори додгоҳанд, ки бар асоси он бояд барои иштироки яке аз боздоштшудаҳо дар маросими ҷанозаи бародараш иҷоза дода шавад.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Шаби гузашта дар шаҳри Муарани Фаронса, ки лӯлиҳои маҳаллӣ даст ба бетартибию ғоратгарӣ заданд, ором сипарӣ шуд. Вале бо вуҷуд вазъ дар ин шаҳр ноустувор арзёбӣ мешавад.

Ҷамъияти лӯлиҳо интизоранд, додгоҳ барои иштироки яке аз боздоштшудаҳо дар маросими дафни бародараш, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бо иштироки мошини рабудашуда ба ҳалокат расид, иҷоза медиҳад.

Ин маросим бояд субҳи чаҳоршанбе баргузор мешуд. Вале соҳибони майит онро ба рӯзи панҷшанбе ба таъхир гузоштанд.

Ҷавоби радди мақомот дар мавриди муваққатан озод кардани ду боздоштшуда барои иштирок дар маросими ҷаноза боиси сар задани бетартибию ғоратгарӣ дар шаҳри Муаран шуд.

"Ин бетартибиҳо норавою ғайриқобили қабуланд. Дар демократия расмиёти ҳуқуқӣ ҳам ҳаст. Агар қарори додгоҳро қабул надорем, боз ба додгоҳ муроҷиат мекунем", — навиштааст, хабаргузории Рейтер бо истинод ба вазири адлияи Фаронса Кристиан Тобира.

Тибқи иттилои хабаргузории Франс Пресс, ҳоло роҳ ба сӯи минтақаи лӯлиҳо тавассути маъмурини пулис баста шудааст, то бетартибиҳо боз сар назананд. Рафтуо тавассути роҳи оҳан дар ин шаҳр ҳам, ки ахиран қатъ шуда буд, дубора субҳи чаҳоршанбе пурра аз сар гирифта шудааст.

Шаби душанбе ба сешанбе наздик ба 100 нафари мусаллаҳ бо арматуру чӯб дар роҳ ба истгоҳи марказӣ даст ба бетартибоҳо зада, мошинҳоро оташ заданд ва ба баъзе аз биноҳо ҳам ҳамла карданд.

13
Барчаспҳо:
Демократия, адлия, вазир, Кристиан, қарор, додгоҳ, Муаран, вазъ, Фаронса, ҷаноза, битартибиҳо ва тазоҳурот, Кристиан Тобира, лӯлиҳо, Муаран, Фаронса