Олмон ба собиқ маҳбусони низомии шӯравӣ 2,5 ҳазор евро медиҳад

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкСобиқадори ҶБВ. Акс аз бойгонӣ
Собиқадори ҶБВ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба собиқ маҳбусони низомии шӯравӣ пешниҳод шудааст, ариза навишта, ба Берлин ирсол намоянд. Наздикону меросбарон ҳам ҳаққи гирифтани ин маблағро ба ҷойи пайвандашон доранд.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба афсарону сарбозони шӯравӣ, ки аз 22 июни 1941 то 8 майи 1945 дар асорати олмониҳо қарор доштанд, кӯмакпулӣ дар ҳаҷми 2,5 ҳазор евро дода мешавад, хабар медиҳад бахши узбакии Sputnik бо истинод ба сафорати Олмон дар шаҳри Тошканд.

Масъулини сафорати Олмон дар Узбакистон гуфтаанд, ин гуна кӯмакпулии яквақта довталабона дода мешавад ва наздикону меросбарон ҳам ҳаққи гирифтани ин маблағро ба ҷойи пайванди худ доранд.

Сафорати Олмон аз тамоми собиқ маҳбусони низомии шӯравӣ даъват кардааст, ба шакли озод аризаеро навишта ба унвонии Идораи федеролӣ дар умури марказӣ ва масоили ҳалношудаи дороиҳо ирсол намоянд: Bundesamt für zentrale Dienste und offene Vermögensfragen, DGZ Ring 12, 13086 Berlin.

Лентаи хабарҳо
0