Парчами ИМА. Акс аз бойгонӣ

Washington Times: Обама қарзи давлатии ИМА-ро то 20 триллион мерасонад

17
(Таҷдидшуда 16:19 03.11.2015)
Вақте, ки соли 2009 Барак Обама раисҷумҳури ИМА интихоб шуд, қарзи давлатии кишвараш 10,6 триллион долларро ташкил медод.

Душанбе, 3 ноя — Sputnik. Қарзии давлатии ИМА дар давраи раёсати Барак Обама наздик ба ду баробар зиёд шудааст, менависад РИА Новости бо истинод ба нашрияи The Washington Times.

"Вақте ҷаноби Обама нақшаи нави буҷаи дусоларо қабул мекунад, бештари таваҷҷуҳ ба бахше равона хоҳад шуд, ки паёмади давраи раёсати ӯ мебошад. Аммо ҷаноби президент ҳам дар ин бора ҳарф задан намехоҳад", — навиштааст нашрия.

The Washington Times инро дар назар дорад, ки бар асоси нақшаи нави буҷа маҳдудияти қарзи давлатии ИМА коҳиш дода мешавад, ки ин ба Вашингтон имкон медиҳад, то анҷоми давраи раёсати Борак Обама боз 1,5 триллион доллари дигар қарз гирад. Дар ҳоле ки ҳоло қарзи давлатии ИМА 18,15 триллион доллар мебошад.

Бо ин ҳол то анҷоми давраи раёсати Обама қарзи давлатии ИМА то ба 20 триллион доллар мерасад.

The Washington Times менависад, ки вақте соли 2009 Барак Обама раисҷумҳури ИМА интихоб шуд, қарзи давлатии кишвараш 10,6 триллион долларро ташкил медод.

Сенати конгресси ИМА шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар пайи қабули палатаи поёнӣ лоиҳаи қонунеро тасдиқ кард, ки бар асоси он маҳдудияти қарзи давлатии ин кишвар то соли 2017 коҳиш меёбад.

Аммо аксарият аз ин тасмими Кохи сафед ва конгресс норозиянд.

"Мо ба ҷаноби Обама ройгон имкон медиҳем, то дар давраи раёсати худ ҳар қадаре мехоҳад, бигирад. Ягон маҳдудият нест. Биёед, ҷаноби президент ҳар қадаре мехоҳед, сарф кунед", — гуфтааст яке аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳон аз иёлати Кентукки ва номзад ба мақоми президентии ИМА Рэнд Пол.

17
Барчаспҳо:
нақша, иёлат, конгресс, Сенат, Вашингтон, Барак, Обама, нав, қарз, ИМА, давлатӣ, буҷа, афзоиши қарзи давлатӣ, The Washington Times, Барак Обама, Вашингтон, ИМА
Дети собирают воду из открытого канала в городе Дости, на юге Таджикистана

Коронавирус 150 миллион кӯдакро ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа кард

11
(Таҷдидшуда 11:04 20.09.2020)
Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар гузорише эълом кард, аз замони шуюи вируси куруно дар ҷаҳон то кунун 150 миллион кӯдак ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Nas”,  Созмони ҳимоят аз кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) эълом кард, ки аз оғози шуюи вируси куруно дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 дарсад ба теъдоди кӯдаконе, ки дар кишварҳои бо даромади мутавассит ва поин дар маҳрумият зиндагӣ мекунанд, афзуда шуда ва теъдоди ин кӯдакон ба якмиллиарду 200 миллион кӯдак расидааст.

ЮНИСЕФ бо ишора ба инки теъдоди кӯдакони фақир рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст, дар бораи буҳронӣ шудан авзоъ ба сурати вахимтаре дар моҳҳои оянда ҳушдор дорад.

Дар пажӯҳиши муштараки ЮНИСЕФ ва Созмони "аз кӯдакон ҳимоят кун" (Save The Children) дар моҳи майи 2020 дар бораи паёмадҳои иқтисодии буҳрони Ковид-19, ки ба фақир шудани 86 миллион кӯдаки дигар то поёни имсол мунҷар мешавад ҳушдор дода шуд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, агар теъдоди кӯдакони маҳрум ва фақир ба нисбати соли гузашта 15 дарсад афзоиш дошта бошад, то поёни имсол ҳудуди 672 миллион кӯдаки маҳрум ва фақир дар ҷаҳон хоҳем дошт, ки аз се якҳисаи он дар кишварҳои африқоӣ ва ҷануби осиёӣ, зиндагӣ мекунанд.

11
Барчаспҳо:
фақр, вируси корона, гузориш, кӯдакон, ЮНИСЕФ
Всемирный банк, офис в Вашингтоне

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

174
(Таҷдидшуда 16:58 19.09.2020)
Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кармен Рейнхарт сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. 

"Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт", - изҳор доштааст Рейнхайтер.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, "зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид", - менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СҶБ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

174
Барчаспҳо:
иқтисод, БҶ