Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ

ВКХ: мавқеи Русия, ИМА ва Саудӣ дар бораи Сурия қисман мувофиқанд

16
(Таҷдидшуда 09:30 04.11.2015)
Мавқеи Русия, ИМА ва Арабистони Саудӣ дар робита ба гуруҳҳои мухолифини ҳукумати Сурия, ки имкони гуфтугӯ барои ҳалли низоъҳо дар ин кишвар вуҷуд дорад, қисман бо ҳам мувофиқанд, гуфтааст намояндаи расмии ВКХ-и Русия.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Мавқеи Маскав, Вашингтон ва Риёз дар мавриди он ки барои хотима бахшидан ба даргириҳои чандинсолаи Сурия бо кадоме аз гуруҳҳои мухолифини ин кишвар бояд гуфтугӯ кард, қисман мувофиқ мебошад, мегӯяд намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.

"Дар баъзе мавридҳо мувофиқат мекунад, дар баъзеи дигар бошад ихроҷ ё илова кардани гуруҳе талаб карда мешавад", — гуфтааст Захарова дар посух ба суоли ин ки рӯйхати Русия бо феҳристи тартибдодаи Арабистони Саудӣ ва мавқеи ИМА мувофиқат мекунад ё не.

Қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов гуфта буд, ки Маскав дар мулоқоти ахири гуруҳҳои чаҳоргона дар шаҳри Вена рӯйхати тақрибан ҳамаи гуруҳҳои мухолифини Сурияро пешниҳод кард, ки барои ҳалли низоъҳои ин кишвар бо онҳо гуфтугӯ мекунад ва дар вохуриҳои тарафҳои даргир ҳузури онҳоро шарт медонад.

Дипломати рус афзуд, ки Арабистони Саудӣ ҳам рӯйхати худро пешниҳод кардааст, аммо амрикоиҳо то ҳол ваъда додаанду бас. Ба қавли хонум Захарова, рӯйхати Русия иборат аз 38 адад мебошад, ки эҳтимоли илова шудан ҳам ҳаст.

 

16
Барчаспҳо:
Арабистон, Саудӣ, гуруҳҳо, даргириҳо, мавқеъ, неруҳо, мухолифин, феҳрист, Сурия, ИМА, рӯйхат, гуфтугӯ, Русия, изҳорот, ВКХ Русия, Мария Захарова, Арабистони Саудӣ, Сурия, ИМА, Русия
Президент Дональд Трамп улыбается

Расонаҳо дурӯғҳои маҳзи Доналд Трампро ошкор карданд

46
(Таҷдидшуда 17:45 17.01.2021)
Масалан, боре президент эълон дошт, ки ба ӯ дар иёлоти Мичиган унвони "Одами сол" - ро додаанд, вале то ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабакаи телевизионии CNN топ 15 дурӯғгӯиҳои Доналд Трампро дар давраи раҳбариаш нашр кард.

Ҳамин тавр, замони савгандёдкунии президент борон меборид. Ваел пас аз чанд соат сиёсатмадор изҳор дошт, ки то поёни суханронии ӯ ягон борон набуд.

Соли 2019 раисиҷумҳур аз хатаре тӯфони "Дориан" барои иёлати Албама ҳушдор дод. Хадамоти ҳавошиносии ИМА ин хабарро рад кардв онро бепоя хонд, вале президент пас аз чанд рӯз низ бо нашри харитаи хатар суханҳои худро рост бароварданӣ мешуд. Мушовири президент оид ба амният маҷбур буд, ба нафъи ӯ изҳорот кунад.

Бино ба гузориши манбаъ, Трамп боре гуфта буд, ки ӯро дар Мичиган хеле пеш аз раёсати ҷумҳурӣ бо унвони "Шахси сол" сарфароз карданд, аммо то ҳол тасдиқи ин суханон вуҷуд надорад.

Вай инчунин эълон кард, ки раиси Ҷунбиши Миллии Скаутҳо ба ӯ занг зада паёми президентро дар бораи онҳо, "бузургтарин суханронӣ" номидааст. Дар асл, чунин набуд, қайд мекунад CNN.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Рӯзноманигорон инчунин изҳороти Трампро ба ёд оварданд, ки чӣ гуна ӯ аз пардохти ҷуброн ба ҳунарпешаи порнавӣ барои хомӯшӣ дар бораи алоқаашон, изҳори бехабарӣ кард.

Дар ин рӯйхат, иттиҳомоти бофтаи президент алайҳи рақибони сиёсӣ, аз ҷумла Ҷо Байден ва инчунин изҳорот дар бораи пирӯзии эҳтимолӣ дар интихобот ва вазъи коронавирус низ ҷой дода шудааст.

46
Барчаспҳо:
шабакаи телевизиони CNN, ИМА, Доналд Трамп, дурӯғ, дурӯғ
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Марги 55 нафар дар Амрико пас аз гирифтани ваксина

182
(Таҷдидшуда 17:00 17.01.2021)
Тибқи иттилои расмӣ, даҳҳо нафар дар Амрико пас аз гирифтан алайҳи маризии вирус ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Системаи ҳисоботдиҳии федералии ваксинаҳои Vaccine Adverse Event Reporting System гузориш медиҳад, ки 55 нафар пас аз ваксинаи Moderna ва Pfizer гирифтан, фавтидаанд.

Дар байни фавтҳо, онҳое низ сабт шуданд, ки пас аз ду соат ваксина гирифтанд. Марги як пизишки амрикоӣ бошад, ки  низ ваксина гирифта буд, резонанс шуд.

Доктор Григорий Майкл рӯзи 18 декабр эм карда шуд ва пас аз се рӯз дастҳо ва пойҳояш бо доғҳои сурх пӯшида шуданд. Пас аз муоина маълум шуд, ки ӯ гирифтори бемории Верлхоф шудааст, яъне вақте организм ба тромбоситҳо ҳамла карда, онҳоро хаёли ҷисмҳои бегона мекунад. Ба ҳамин минвол, пизишк 3 январ аз хунравии мағзӣ даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Pfizer таъкид кард, ки онҳо ин қазияро таҳқиқ мекунанд, аммо то ҳол иртиботи мустақим байни ваксина ва марги табибро дақиқ накардаанд.

Ваксинаи Трамп: чаро дар нокомиҳои тибби ИМА президенти равандаро айбдор мекунанд

Нашрияи исроилии Ynet бо такя ба Вазорати тандурустии кишвар, дар бораи аломати нохуш пас аз эмкунӣ бо Pfizer хабар дод.

Пас аз ворид кардани ваксина, 13 исроилӣ ба фалаҷи рӯй гирифтор шуданд. Таъсири манфии дору пас аз чанд соат хотима ёфт, гарчанде ки дар якчанд нафар он бештар аз як рӯз тӯл кашид.

182
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Морозы в Москве

Сардии то 30 дараҷа дар Саратов: дарси кӯдакони то синфи 6 лағв шуд

0
(Таҷдидшуда 18:06 17.01.2021)
Раёсати вазорати маорифи Саратов тасмим гирифтааст, ки дар робита ба сардиҳои шадиди ҳаво кӯдакони синфҳои аз 1 то 6 - ромуваққатан аз дарсҳо озод намояд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рӯзи душанбе бо сабаби сардиҳои шадид дарсҳои хонандагони синфҳои якум то шашуми мактабҳои Саратов лағв карда шуданд, хабар медиҳад кумитаи маорифи ҳукумати шаҳр.

"Бо сабаби сард шудани ҳаво дар рӯзи 18 январ, дарсҳо барои хонандагони синфҳои якум то шашуми бастҳои якум ва дуюми Саратов бекор карда шуданд. Ҳайати омӯзгорон тибқи ҷадвал кор мекунанд", - омадааст дар иттилоия.

Муайян карда шудааст, ки агар дарсҳо дар мактабҳо бекор карда шаванд, истифодаи технологияҳои фосилавӣ, манбаҳои интернетии муассисаҳо, инчунин гузаронидани дарсҳои инфиродӣ ё гурӯҳӣ бо кӯдаконе, ки волидонашон бинобар шуғли онҳо наметавонистанд онҳоро дар хона гузоранд.

Пешбинии ҳавошиносон аз тағйирёбии якбораи ҳаво дар охири январ: аз -35 дараҷа то -18

Тибқи иттилои ситоди минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар вилояти Саратов шаби душанбе дар баъзе ҷойҳо ҳарорат то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона то 15-20 дараҷа паст мешавад.

Айни замон дар Саратов дамои ҳаво 13 дараҷа хунук аст.

0
Барчаспҳо:
лағв, дарс, сардӣ, ҳаво, вилояти Саратови Русия