Пораҳои ҳавопаймои Airbus A321 ширкати Когалимавиа

Посухи Маскав ба Британияву ИМА дар мавриди суқути Airbus A321-200

7
(Таҷдидшуда 09:12 06.11.2015)
Дар сониҳаи рӯзи 31 октябри ҳавопаймои Airbus A321-200 дар нимҷазираи Синай ҳамаи 224 сарнишинаш ҳалок шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Русия ба тахмину фарзиящои мақомоти Амрикову Бритониё дар бораи эҳтимоли ба иллати бомб суқут кардани ҳавопаймояш дар Миср посухи қатъӣ дод.

Раҳбарияти ширкати "Когалимавиа" — молики ҳавопаймои суқуткарда гуфтанд, ҳанӯз қазоват дар бораи иллати садама барвақт аст.

Манобеи амниятӣ дар Бритониё ва Амрико ба расонаҳо гуфтаанд, таҳлили онҳо нишон медиҳад, ки зоҳиран дар ҳавопаймо бомб гузошта шуда буд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни як тамоси телефонӣ ба сарвазири Бритониё такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти расмиро муҳим номид. Ҳамчунин, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова иброз доштааст, аз ин ки Бритониё маълумоте дошт, ки ба ин қазия рӯшанӣ андозад, вале касе онро ба Русия надод, таккон хӯрдааст.

Дар сониҳаи рӯзи 31 октябри ҳавопаймои  Airbus A321-200 дар нимҷазираи Синай ҳамаи 224 сарнишинаш ҳалок шуданд

7
Барчаспҳо:
сарозер шудани тайёра, 224 нафар ҳалок шуданд, суқути ҳавопаймо, ширкати "Когалимавиа", нахуствазири Британия, президенти Русия, Мария Захарова, Владимир Путин, Синай, Миср, ИМА, Британиё, Русия, Маскав

Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад

537
(Таҷдидшуда 03:31 01.06.2020)
Донишманди ӯзбекистонӣ эълом кардааст ҳавои гарм метавонад сирояти COVID-19-ро коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, эълон кардааст, ки ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба “Правда Востока”.

Вай афзудааст, ки ҳавои Ӯзбекистон торафт гарм мешавад ва дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад.

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

Хайрулло Мустафоев, таъкид доштааст, ки беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд”, - афзуд вирусшинос.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

537
Барчаспҳо:
коҳиш, вирус, гарм, гармо, ҳаво, донишмандон, Ӯзбекистон
Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

431
(Таҷдидшуда 03:24 01.06.2020)
Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Доиш ба яке аз таваллудхонаҳои Афғонистон дасти кам 14 афроди ғайримулкӣ. аз ҷумла ду навзод кушта шуданд.

 Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

431
Барчаспҳо:
масъулият, Кобул, ҳамла, таркиш, Афғонистон, ДОИШ
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Рубл ҳамоно гарон: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ элон кард

0
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе, 1 июн эълон кард

ДУШАНБЕ, 1  июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1444 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1500 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.4247 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.

Рӯйхати "сиёҳи" Бонки миллӣ нав шуд: киҳо ва кадом созмонҳо шомиланд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

0