Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ

Трамп дар мубориза бо ДИИШ аз Русия ҳимоят кард

13
(Таҷдидшуда 12:35 11.11.2015)
Сиёсатмадорони амрикоӣ ҳангоми баҳси номзадҳои ҷумҳурихоҳон ба мақоми президентии ИМА ҳамкори бо Русияро дар мубориза бо “Давлати исломӣ” зарур хондаанд.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Номзад ба мақоми президентиии ИМА аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп аз амалиёти неруҳои ҳавоии Русия дар хоки Сурия истиқбол кардааст.

Пораҳои ҳавопаймои Airbus A321 ширкати Когалимавиа
© Sputnik / Максим Григорьев/ТАСС/POOL

"Агар (президенти Русия Владимир) Путин мехоҳад, аз Сурия ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро берун кунад, ман саддарсад розӣ мебошам ва намефаҳмам, барои чӣ баъзеҳо зидди ин иқдоманд", гуфтааст Трамп.

Ба гуфтаи ин сиёсатмадори амрикоӣ, ҳоло бояд тамоми кишварҳо дар қаламрави Сурия бошанд.

"Онҳо (ҷангиёни ДИИШ) ҳавопаймои Русияро сарнагун карданд ва ӯ (Путин) ҳам эшонро дӯст намедорад, аз ин рӯ, вай ба онҷо меравад, мо меравем, хулоса ҳама бояд ба онҷо бираванд", илова кардааст номзхад ба мақоми президентии Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон.

Қаблан расонаҳо бо истинод ба ҳукумати Бритониё хабар дода буданд, ки далели суқути ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синои Миср бомб мебошад. Баъдан ҳам мақомоти ин кишвар гуфтанд, фарзияи даст доштани ҷангиёни ДИИШ дар ин ҳодиса саддарсад ҳақиқат дорад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, расман сухан гуфтан дар бораи фарзияи суқути ҳавопаймои ин кишвар дар Миср ҳанӯз барвақт аст.

"Ба мо маъқул аст ё не, неруҳои Русия дар онҷо бо дархости расмии мақомоти Сурия ва Ироқ ҳузур доранд. Агар мо ба ин гуна сиёсатҳои худ (ҳамкорӣ накардан бо Русия) идома диҳем, пас бояд барои аз даст додани писару духтарони худ омода бошем", — таъкид кард Трамп.

31 октябри соли равон бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабон дар Синойи Миср ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати русии "Когалимавиа" буд, ки аз Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.

 

 

13
Барчаспҳо:
ҷумҳурихоҳон, Доналд, Трамп, неруҳо, Песков, Ироқ, ДИИШ, Давлати исломӣ, Сурия, ИМА, ҳамкорӣ, Русия, ДИИШ, Доналд Трамп, Дмитрий Песков, Владимир Путин, Бритониё, Миср, Ироқ, Сурия, ИМА, Русия
Заслуженный тренер России, старший тренер сборной команды республики Дагестан по боевому самбо, чемпион Украины по дзюдо и самбо Абдулманап Нурмагомедов

Жан-Клод Ван Дамм дар бораи Абдулманап ва ҳамдардидӣ ба Ҳабиб: ҳамеша эҳтиром мекардам

273
(Таҷдидшуда 13:43 07.07.2020)
Ҳунарманди шинохта ва устоди санъати размӣ Жан-Клод Ван Дамм  ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов нисбат ба даргузашти падараш ҳамдардӣ изҳор кардааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Ин ҳунарманди шинохта дар саҳфаи Инстаграмаш навиштааст, ки бо Абдулманап Нурмуҳаммадом аз наздик шиносоӣ надошт, аммо ҳамеша эҳтиромаш мекард.

"Бародар, ман дар ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ бо ту вонахӯрдам, аммо ҳамеша ба зиндагии барҷастаат эҳтиром мегузоштам! Ман барои сафари охирати ту дуо мекунам. Бигзор Худованд руҳи туро шод кунад. Омин”.

Ӯ ҳамчунин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадову оилааш ва ҷаҳони UFC ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.

​Ёдовар мешавем, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мураббии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада санаи 3 июл ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Сахт пазмонат мешавам": таассуфи роҳбари UFC аз марги Абдулманап ва нашр намудани навор

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

273
Доктор возле приемного отделения

Фавти 198 мариз давоми як рӯз: омори тозаи коронавирус дар Русия

269
(Таҷдидшуда 13:06 07.07.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 198 нафар аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки 24 қурбонӣ ба шаҳри Маскав рост меояд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Русия агар теъдоди мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳишшавӣ ниҳодааст, шумораи ҳолатҳои фавт ҳамоно дар ҳоли афзуншавӣ аст.

Шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ дар Русия дасти кам 198 нафар ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, бо илова шудани 198 ҳолати нав, теъдоди умумии қурбониён аз ин маризии даҳшатбор ба 10 494 нафар баробар шудааст.

 Александр Гинсбург: Ваксинаи Русия ду сол аз коронавирус муҳофизат мекунад

Ситод мегӯяд, аз ҳама беш мавориди фавт дар шаҳри Санкт - Петербург сурат гирифтааст. Давоми як рӯз дар ин шаҳр 48 мариз ҷон аз даст доданд.

Ҳамчунин 24 ҳолати фавт ба шаҳри Маскав рост меояд. Дар Подмосковие 18 мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан, Cитоди фаврӣ қайд намудааст, ки шабонарӯзи гузашта 9551 нафар аз вируси COVID - 19  шифо ёфтанд ва аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд.

Дар маҷмӯъ аз авоили паҳншавии маризии коронавирус дар Русия 463 880 бемор шифо ёфтанд.

269
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Зеристгоҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зарбаи барқ

0
(Таҷдидшуда 15:10 07.07.2020)
Як сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров аз расиши қувваи барқ ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки субҳи 6 июл як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зарби барқ ба ҳалокат расидааст.

“Санаи 6-уми июл, тахминан соатҳои 7: 30 дақиқа, Б. А., сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вақти пайваст намудани нерӯи зеристгоҳи барқӣ, аз сабаби расиши қувваи барқ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ дод масъули матбуотии РВКД дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, нафари ба ҳалокат расида ҷавони 31 сола будааст. Ҳодисаи фоҷиабор дар зеристгоҳи барқӣ дар деҳаи Қурғончаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки эҳтимол дар вақти пайваст намудани ноқилҳои барқӣ дар зеристгоҳ техникаи бехатарӣ риоя нагардидааст. Дар бораи шуғли аслии нафари ҳалокшуда маълумот ироа нашудааст, ки оё ӯ барқчӣ аст ва ё як корманди кироя, ки барои насб намудани қувваи барқ ҷалб шудааст.

0
Барчаспҳо:
барқ, Тоҷикистон