Сарбозони неруҳои милии Афғонистон дар вилояти Қундуз

Бундесвер муҳлати ҳузури сарбозонаш дар Афғонистонро тамдид мекунад

8
(Таҷдидшуда 15:56 12.11.2015)
Олмон имкони на танҳо тамдиди будубоши низомиёни худ дар хоки Афғонистон то як соли дигар, балки афзоиши шумори онҳоро ҳам баррасӣ дорад.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Сарбозони бундесвер- артиши Олмон метавонанд, аз муҳлати қаблан муайяншуда як сол зиёдтар дар қаламрави Афғонистон боқӣ монанд. Онҳо неруҳои миллии Афғонистонро дар шимоли ин кишвар дастгирӣ хоҳанд кард, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба маҷаллаи Spiegel.

Намояндагони ҳукумати федеролии Олмон барои боқӣ мондани мураббиёни низомии бундесвер дар Мазори шарифи Афғонистон ҳадди аққал то охири соли оянда ризоият додаанд.

Тибқи барномаи пешин, неруҳои олмонӣ бояд то соли 2016 шимоли Афғонистонро тарк мекарданд.

Олмон инчунин имкони афзоиши шумори сарбозони худ аз 850 то 980 нафар дар хоки Афғонистонро ҳам баррасӣ дорад.

Тибқи навиштаи ин маҷалла, иқдоми мазкур дар асоси вазъи ноамни минтақа гирифта шудааст.

Охирҳои моҳи сентябри соли равон ҷангиёни Толибон шаҳри Қундуз, дар шимоли Афғонистонро тасарруф карданд, ки мунҷар ба халалдор шудани оромии беш аз 300 ҳазор сокини осоишта гардид.

Вазифаи асосии низомиёни бундесвер мисли пешин ираи машварату маслаҳат ба кормандони неруҳои миллии Афғонистон мебошад.

Қаблан раисҷумҳури Амрико Барак Обама гуфта буд, ки неруҳои амрикоӣ дар охирҳои соли 2016 хоки Афғонистонро тарк намекунанд ва 5,5 ҳазор сарбози ИМА мисли пешин баъд аз соли 2016 ҳам дар ин кишвар боқӣ мемонанд.

Телевизиони олмонии "ARD" бо истинод ба манбаи худ дар Вазорати дифои ин кишвар хазинаи ҳузури сарбозони бундесвер дар ҳайати Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистонро 8,8 миллиард евро арзёбӣ карда буд.

Аз аввали шуруи амалиёт дар соли 2002 54 сарбози олмонӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳамин тариқ ин амалиёт дар Афғонистон дар таърихи бундесвер хунинтарин ва пурхароҷоттарин амалиёт ба шумор меравад.

Охирҳои соли 2014 неруҳои НАТО ва ИМА расман вазифаи ҷангӣ дар доираи кӯмаки амниятӣ ба Афғонистонро ба анҷом расонданд.

 

8
Барчаспҳо:
2016, бундесвер, сол, неруҳо, амалиёт, НАТО, ИМА, сарбоз, Афғонистон, Бундесвер, НАТО, Барак Обама, Олмон, Қундуз, Афғонистон, ИМА

Вокуниши давлати Афғонистон ба суханони Доналд Трамп дар бораи Толибон

179
(Таҷдидшуда 10:10 22.09.2020)
Вазорати хориҷаи Афғонистон шомгоҳи якшанбе ба суханони раисҷумҳури Амрико, ки Толибонро гурӯҳи зираку сарсахт хонда буд, вокуниш нишон дод

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз шабакаи телевизионии Тулӯъ, Гирон Ҳивод, сухангӯии вазорати хориҷи Афғонистон гуфт, ки суханони Доналд Трамп масрафи дохилӣ доштааст.

 Трамп рӯзи ҷумъа дар конфаронси хабарӣ гуфт, ки Амрико бо Толибон бисёр хуб муомила мекунад.

“Онҳо бисёр сарсахт, боҳуш ва тезбин ҳастанд, аммо шумо медонед, ки онҳо низ аз ҷанг хаста шудаанд”, - таъкид дошт Трамп

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар мавриди ин суханон гуфт, ки изҳороти раисҷумҳури Амрико барои расонаҳо ва мардуми худаш баён шудааст.

“Давлати Афғонистон кори худашро ба пеш ме‌барад”, - Гирон Ҳивод.

 Ба дунболи ҷонибдории Трамп аз Толибон, илова бар давлати Кобул бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон низ изҳороти Трамп дар мавриди Толибонро дар воқеъ наздик шудани беш аз ҳадди Кохи Сафед ба ин гурӯҳ ва ба заъф кашондани ҳукумати Афғонистон медонанд .

 Ба гузориши шабакаи Тулӯъ, 9 рӯз аз вуруди гуруҳҳои Кобул ва Толибон ба Давҳаи Қатар мегузарад, аммо ду тараф то кунун муваффақ нашудаанд, ки дар бораи дастури музокирот ба тавофуқ бирасанд.

 Охирин изҳороти намояндагони давлати Афғонистон дар Давҳа нишон медиҳад, ки онҳо ба расидан ба оташбас дар ин давр аз музокирот бисёр умедворанд, дар ҳоле ки гуруҳи Толибон дастёбӣ ба оташбаси фавриро ғайримумкин медонад.

179
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, вокуниш, Толибон, Раисҷумҳур, Амрико, Афғонистон
Анатолий Альштейн

Алштейн афзоиши бемории коронавирусро дар ҷаҳон шарҳ дод

310
(Таҷдидшуда 18:59 21.09.2020)
Вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар бораи вазъи афзоиши паҳншавии коронавирус ибрози назар кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Ҳоло дар бораи мавҷи дуюми коронавирус сӯҳбат кардан душвор аст, гуфт вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар муколама бо Sputnik Латвия.

Коршинос илова кард, ки дар бораи хуруҷи нави паҳншавии COVID-19 бо боварӣ метавон танҳо дар Испания сӯҳбат кард, ҳарчанд афзоиши беморӣ дар бисёр кишварҳои дигар мушоҳида мешавад.

"Бояд қайд кард, ки афзоиш ва мавҷи дуввуми коронавирус бо коҳиши шадиди марг ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо дар сатҳи 1% ва аз он камтаранд", - гуфт Алштейн.

Вирусшинос қайд кард, ки коҳиши фавт метавонад сустшавии вирусро нишон диҳад ("суст шудан" -и вирус, коҳиш ёфтани патогенияти он - ред.), Аммо ба эҳтимоли зиёд усулҳои табобати беморони ковид хеле беҳтар шудаанд.

Профессор афзуд, ки бояд тақвияти дубораи чораҳои зидди эпидемиро интизор шуд, аммо онҳо на бо кӯмаки мамнӯъиятҳо, балки дар заминаи мусоидат ба риояи меъёрҳои санитарӣ тақвият дода мешаванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт табобати коронавирусро бо гиёҳ иҷозат дод

Алштейн шарҳ дод, ки чаро дар ҷаҳон беморони гирифтори коронавирус зиёд мешаванд.

"Як омил ин аст, ки одамон бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва аз риояи чораҳои асосии зидди эпидемия даст мекашанд. Аз тарафи дигар, паҳншавии бемориҳои шадиди роҳи нафас одатан тирамоҳ меафзояд ва COVID-19 яке аз онҳост", - гуфт вирусшинос.

Алштейн изҳори итминон кард, ки барои башарият ҳеҷ фалокате наздик нахоҳад буд, алахусус бо назардошти кори ваксина дар Русия ва дар саросари ҷаҳон.

310
Рустам Назарзода, архивное фото

Кӯмак дар мубориза бо КОВИД: изҳори сипоси генерал Назарзода ба намояндаи агентии Оқохон

0
Оҷонсии Оқохон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки моддӣ, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ расонидааст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бахши Оҷонсии Оқохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кӯмаки моддӣ расонид, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ,  кӯмаки моддӣ иборат аз таҷҳизоти тиббӣ аз либосҳои  махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб, сӯзандору, дастпӯш, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептик ва воситаҳои уфунатзудоӣ  иборат мебошанд.

"Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода дар маросими супоридани воситаҳои  тиббӣ ба сарвари Агентии Оқохон оид ба макони зист  Ҳадӣ Ҳусайнӣ  изҳори сипос карда, зикр намуд, ки кумаке, ки имрӯз дастрас шуд, ба пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст", - менависад КҲФ Тоҷикистон.

Ҳадӣ Ҳусайнӣ иброз намуд, ки оҷонсӣ дар оянда низ аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавируси   COVID-19 пуштибонӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки кумакҳои мазкур бо мақсади пешгирӣ аз густариши   COVID-19  пешбинӣ шуда,  барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало шудан ба бемории мазкур истифода мешаванд.

Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи "Ниссан"-ро, ки мутааллиқ ба Кумитаи мазкур буд, пурра таъмир карда, ба ихтиёри ин ниҳод гузошт.

 

0