Вазъ дар Порис баъд аз як қатор ҳамлаҳо

Як зодаи Мароккашро фармоишгари эҳтимолии ҳаводиси Порис медонанд

12
(Таҷдидшуда 18:10 16.11.2015)
Тибқи навиштаи “Avenir”, мақомоти тафтишотии Белгия бар ин боваранд, ки эҳтимол дорад, ҳамлаҳои Порис аз сӯи Абдулҳамид ташкил карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Додгоҳе дар Белгия ҳукми 20 соли зиндони як зодаи Маррокашро, ки фармоишгари эҳтимолии ҳамлаҳои хунини 13 ноябри Порис маҳсуб мешавад, дар ғайбаш содир кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи "Avenir".

Эмомали Рахмон. Архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Аз ин зодаи Мароккаш Абдулҳамид ном бурда мешавад, ки ба иддаои мақомоти Белгия ташкилкунандаи асосии ҳамлаҳои номуваффақи террористӣ дар шаҳри Верве ба шумор меравад.

Ҳангоми шуруи амалиёти вижаи пулиси Белгия моҳи январи соли 2015 ин зодаи Мароккаш тавонистааст, аз назар пинҳон шавад. Баъдан моҳи феврали соли равон ӯ аз худ дарак дода, гуфтааст, феълан дар қаламрави Сурия қарор дорад ва ташкили ҳамлаҳои шаҳри Верве, ки пулиси Белгия тавонист аз вуқуи онҳо ҷилавгирӣ кунад, кори вай мебошад.

Моҳи июни соли равон ин зодаи Мароккаш ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия дар ғиёбаш ба муҳлати 20 сол маҳкум ба зиндон шуд. Баъдан расонаҳои байналмилалӣ бори дигар номи ӯро сархати саҳифаҳои худ қарор дода, гуфтанд, Абдулаҳамид ҳатто бародари 13-солаи худро ба ҷангҳои Сурия бурдааст, ки ҷавонтарин "муҷоҳид" дар олам маҳсуб мешавад.

Тибқи навиштаи "Avenir", мақомоти тафтишотии Белгия бар ин боваранд, ки эҳтимол дорад, ҳамлаҳои Порис аз сӯи Абдулҳамид ташкил карда шудааст.

Ин нашрия навиштааст, ки ин зодаи Мароккаш гӯиё бо яке аз маргталабон — Иброҳим Абдуссалом, ки худро дари ҳаводиси Порис тарконида буд, робита доштааст.

Ин ду нафар солҳои 2010 ва 2011 ҳам дар содир кардани ҷинотяҳои дар боло зикршуда муттаҳам шудаанд.

Ҳоло бародари Иброҳим — Абдуссалом аз сӯи пулиси Фаронса мавриди кофтукоб қарор дода шудааст. Тибқи иттилои нашрияи "Sudpresse", ӯ баъд аз ҳамлаҳои 13 ноябр аз Порис ба Белгия тавассути автомошина баргашта, дар роҳ ҳуҷҷатҳояш аз ҷониби кормандони БДА тафтиш шудааст. Азбаски он замон гумонбар маҳсуб намешуд, боздошт нагардидааст.

Бародари сеюми онҳо — Муҳаммад рӯзи шанбе ҳангоми бозҷӯии хонаи муҳоҷирон дар Брюссел боздошт гардидааст. Ба иддаои мақомот, Абдуссалом ҳам дар навбати худ дар ин минтақа қаҳвахонаеро дар ихтиёр доштааст, ки тобистони соли равон дар доираи тафтишоти як парвандаи фурӯши маводи мухаддир баста шудааст.

Шоми ҷумъа ба шанбеи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт.

Ин силсила ҳамлаҳо ҳамзамон дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса, аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.

12
Барчаспҳо:
БДА, Белгия, эҳтимолӣ, Порис, Фаронса, Сурия, маҳкум, ҳамла, зиндон, маҳкум ба зиндон, Муҳаммад Абдуссалом, Абдулҳамид, Иброҳим, Абдуссалом, Верве, Мароккаш, Белгия, Порис, Фаронса, Сурия
Мавзуҳо:
Ҳамлаҳои хунин дар Порис: изтироби ҷаҳониён (12)

Теъдоди қурбониёни таракиши Бейрут ба 135 нафар расид: 5 ҳазор ҷароҳатдор шуданд

43
(Таҷдидшуда 16:44 06.08.2020)
Теъдоди ҷонбохтагони таркиши мудҳиш дар Бейрут ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Ҳоло расман фавти 135 нафар тасдиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шумораи ҷонбохтагони  таркиш  дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут ба 135 нафар расид, хабар медиҳад "Al Jazeera.

Ба иттилои манбаъ, дар ин таркиш ҳадди аққал 135  кас  ҷон бохта,  тахминан  5 ҳазор  нафари дигар  захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмӣ иброз доштааст, ки  эҳтимоли зиёд гардидани шумораи ҷонбохтагон вуҷуд дорад, чунки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯйи одамони зиндамонадаро дар зери биноҳои валангор идома медиҳанд.

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

Губернатори Бейрут Марван Аббуд гуфт, ки дар шаҳр то 300,000 нафар бесарпаноҳ мондаанд. Мақомот барои бо ғизо, об ва манзил таъмин намудани онҳо кӯшиш мекунад.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

43
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

43
(Таҷдидшуда 16:14 06.08.2020)
Гузориши Департаменти Давлатӣ дар бораи "таблиғи русӣ" бо ҳадафи пешниҳоди Маскав дар бораи барқарор кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида пешбинӣ шудааст, гуфт сафорати Русия дар Вашингтон

Қаблан Маркази ҷалби глобалии Департаменти Давлатӣ гузоришеро дар бораи "сутунҳои маълумоти бардурӯғи Русия" интишор кард, ки мафҳуми "таблиғи русиро" ба низом овард. Ин таъриф, аз ҷумла, аз ҷониби васоити ахбори оммаи Русия бо маблағгузории давлатӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар сарлавҳаҳои Sputnik, РИА Новости, RT, Первий канал, Россия 24 ва ғайра намунаҳои пароканда оварда шудаанд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ба расонаҳои Русия ва дигар кишварҳо ҳушдор додаанд, ки матлабҳои таблиҳотии онҳо алайҳи ИМА ҷиддан тафтиш мешаванд ва ҳамчунин манбаҳои паҳнкунандаи он дар шабакаҳои иҷтимоиро амрико бидуни дудилагӣ мебандад.

Дар сафорат изҳор доштанд, ки ба Департаменти давлатӣ "мавҷудияти манбаҳои алтернативии иттилоотӣ" писанд нест ва барои ошкору бартараф кардани онҳо захираҳои ҷиддӣ равона карда шудааст.

Дилхоҳ овозе, ки бар муқобили Вашингтон аст, он ҳамчун хизмат ба Кремл ва хадамоти Русия пиндошта мешавад, таъкид намуданд дипломатҳои амрико дар сафҳаи Фейсбук.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Сафорат намунаҳои изҳороти бемаънии ин гузоришро ифшо намудаст. Аз ҷумла "дар иртиботи расмии ҳукумат" Вазорати умури хориҷии ИМА раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ва радиои хусусии "Говорит Москва" сабти ном кардааст.
Зимнан, Департаменти Амрико барои ифшои маълумоти бардурӯғ дар соли 2021 ҳудуди 138 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Русия борҳо тамоми иттиҳомоти Амрико дар робита ба он, ки Русия маълумоти бардурӯғро мунташир мекунад, рад намуда буд.

Трамп Меркелро ҷазо медиҳад: Олмонро пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ чӣ интизор аст -навор

Дар Амрико  агентии  давлатӣ оид ба пахши хориҷӣ аз қабили Садои Амрико ва радиои Озодӣ вуҷуд дорад, ки Вазорати адлияи Русия онҳоро дар якҷоягӣ бо дигар расонаҳои хабарӣ ба рӯйхати агентҳои хориҷӣ шомил кард.

Ин созмон, ки аз соли 1994 Шӯрои Идораи Телерадиошунавонӣ (BBG) ном дошт, соли 2018 Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба Глобалии Медиа (USAGM) номгузорӣ шуд. Дар доираи он, барномаҳои телевизионӣ таҳия карда мешаванд, аммо тақрибан танҳо барои пахши интернет. Агентӣ пурра аз буҷаи ИМА маблағгузорӣ мешавад, дар соли 2017 хароҷоти он 748 миллион долларро ташкил додааст.

43
Барчаспҳо:
таблиғ, Амрико, Русия, сафорат

Табодули таҷрибаву дониш: пизишкони Русия ба хотири кумак озими Қазоқистон шуданд - навор

0
Пизишкони Русия ба хотири имдод расондан ба ҳамтоёни қазоқи худ озими Қазоқистон шуданд ва муддати як моҳ бо онҳо табодули таҷрибаву дониш мекунанд

Пизишкони Русия ба хотири мубориза бурдан алайҳи маризии коронавирус озими Қазоқистон шуданд ва бо ҳамтоёни худ аз ин кишвар табодули донишу таҷриба мекунанд.

Таъкид мегардад, ки пизишкони Русия давоми яе моҳ дар Қазоқистон мемонанд ва роҳи дурусти мубориза алайҳи ин маризиро ба табибони қазоқ нишон медиҳанд.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Ба ҳайати табибони рус, ки озими ин кишвар шуданд, пизишкони кӯдакона, анестизологу реанимотолог ва табибони бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Русия дар баробари ирсол намудани пизишкони ботаҷриба ба Ҷумҳурии  Қазоқистон, инчунин маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро низ кумак кард.

0
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон, кумак, Русия