Кормандони пулис дар майдони Ҷумҳурӣ дар Порис

ВАО: дар Порис террористҳои эҳтимолӣ нобуд карда шуданд

10
(Таҷдидшуда 13:42 18.11.2015)
Шоми ҷумъа ба шанбеи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пулиси Фаронса дар пайи як амалиёти вижаи худ ду терорристро нобуд сохта, се тани дигарро дар минтақаи Сен-Дени Порис боздошт кардааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои хабарии ин кишвар.

"Инчунин як гумонбари дигар дар ҳамлаҳои 13 ноябр дар асорати кормандони пулис дар яке аз ҳуҷраҳо қарор дорад", — меафзоянд расонаҳо.

Тибқи иттилои аввалия, миёни террористҳои кушташуда дар натиҷаи амалиёти вижаи пулиси Фаронса дар минтақаи Сен-Денӣ як зан ҳам вуҷуд дорад, ки дар тан камарбанди интиҳорӣ доштааст.

Субҳи чаҳоршанбе амалиёти вижаи пулиси Фаронса дар минтақаи мазкури Порис гузаронида шуд, ки дар яке аз ҳуҷраҳо дастандаркорони эҳтимолии ҳаводиси 13 ноябр пинҳон буданд. Бар асоси иттилои ВАО, яке аз ҳадафҳои ин амалиёт боздошти ташкилкунандаи эҳтимолии ҳаводиси 13 ноябр Абдулҳамид Абауд ба шумор меравад.

Шоми ҷумъа ба шанбеи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт.

Ин силсила ҳамлаҳо ҳамзамон дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса, аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.

10
Барчаспҳо:
Сен-Денӣ, Абдулҳамид, ҳаводис, Франсуа, Олланд, Порис, Фаронса, ДИИШ, террорист, ҳамла, гумонбар, ҷанг, нобуд сохтани террористҳо, Эмомалӣ Раҳмон, Сен-Дени, Порис, Фаронса, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҳамлаҳои хунин дар Порис: изтироби ҷаҳониён (12)