Барак Обама

WT: нақшаи Обама барои мубориза бо ДИ нақшаи таслим ва шикаст аст

21
(Таҷдидшуда 16:48 19.11.2015)
Барак Обама ҳамоно ба сиёсатҳои нодурусти худ дар робита ба ДИИШ идома медиҳад.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Барак Обама ҳамоно ба сиёсатҳои нодурусти худ дар робита ба ДИИШ идома медиҳад, нашр кардааст РИА Новости тарҷумаи матлаби журналисти нашрияи "The Washington Times" — Доналд Лабро.

Ҳангоми маъракаи дуюми пешазинтихоботии худ дар соли 2012 Обама борҳо таъкид кард, ки гуруҳи террористии "ал-Қоида" фалаҷ шудааст.

"Вале ҳаводиси чанд рӯзи ахир он чизе, ки мо солҳо пеш медонистем, бори дигар намоиш дод. "ал-Қоида" ба як ҳаракати бузургтари террористие табдил ёфт, ки ҳоло аз ҳама нерумандтару хатарноктар аст", — навиштааст ӯ.

Ба назари ӯ, президенти амрикоӣ хатари ношӣ аз ДИИШ-ро нодида гирифт ва шояд аз ҳад зиёд барои андешиндани чораҳо алайҳи ҷангиён ҳам мухолифат карда бошад.

Бо ин ҳол, ӯ зимни баромад дар иҷлоси "Гуруҳи 20" баъд аз ҳаводиси Порис дар Анталия дар посух ва интиқоди рӯзноманигор таъкид кард, ки сиёсати пешигирифтаи худ дар робита ба ДИИШ-ро тағйир нахоҳад дод ва он идома меёбад.

Раисҷумҳури ИМА-ро на танҳо ба заъфи иқдомгириҳояш, ки ғалат будани онҳо аз аввал маълум буданд, балки барои бузург наҳисобидани хатари ДИИШ ҳам ӯро танқид мекунанд.

Нашрия назари профессори Мактаби таҳқиқоти стратегии назди Донишгоҳи ба номи Ҷон Хопкин Эллиот Коэнро овардааст, ки ба нақшаи ИМА дар мавриди нобуд кардани ДИИШ дар ояндаи наздик шубҳа дорад.

"Ҳоло ҳеч нафаре дар мавриди он ки ҷаноби Обама натавонист, аз уҳдаи ҳалли таҳдиди терроризм барояд, ки барои кишвару амнияти ояндаи он хатарзост, баҳс намекунад", гуфтааст ӯ.

Ба назари муаллиф, дар ҳоли ҳозир ба изҳороти хушбинонаи соли 2012-и Борак Обама нигоҳ накарда хатари терроризм аз пеш дида бузургтар шудааст.

21
Барчаспҳо:
"Гуруҳи 20", "ал-Қоида, таъкид, терроризм, ДИИШ, сиёсат, хатар, Барак Обама, Анталия, Порис, ИМА
Мавзуъ
Вазорати адлияи ИМА: ӯзбакистонӣ нияти куштани Барак Обамаро дошт
Диего Марадона

Диего Марадона номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол даргузашт: 61 сол дошт

99
(Таҷдидшуда 22:48 25.11.2020)
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61 - сола аз олам гузашт

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ассосиатсияи футболи Аргина дар Twitter хабари даргузашти ситораи ҷаҳонии футболро тасдиқ намуд.

Бар хабари TN, санаи 30 - юми октябр Марадонаро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба бемористон оварда буданд, зеро ӯ қаблан ҷарроҳии мағзи сар шуда буд.

Манбаъ меафзояд, Марадона рӯзи 12 уми декабр пас аз ҷарроҳии мағзи сар, аз дармонгоҳ мураххас шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Дар дақиқаи чорум: Роналдо аллакай ҳисоби бозии Португалия ва Марокашро боз кард

Дар робита ба даргузашти Марадона, кишвардори Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам  эълон намуд.

Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10 солагӣ ба тими наврасони "Лос Себолитас" пайваст.

Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30 - юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

99
Барчаспҳо:
даргузашт, Диего Марадона
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

199
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

199
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон