Рамзи НАТО дар Брюссел. Акс аз бойгонӣ

Ҷаласаи изтирории НАТО дар робита ба суқути Су-24-и Русия

23
(Таҷдидшуда 18:22 24.11.2015)
Шӯрои Атлантикаи шимолӣ олитарин ниҳоди сиёсии ин созмони низомӣ ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. НАТО дар робита ба сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Русия дар Сурия ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Атлантикаи Шимолӣ дар сатҳи сафиронро рӯзи сешанбе баргузор мекунад.

Шӯрои Атлантикаи шимолӣ олитарин ниҳоди сиёсии ин созмони низомӣ ба шумор меравад.

"Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Атлантикаи шимолӣ бо дархости Туркия соати 19:00 ба вақти Маскав баргузор мешавад", — гуфтааст намояндаи расмии ин созмон ва таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир барои рӯзноманигорон ҳеч баргузории чорабиние пешбинӣ нашудааст.

Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Атлантикаи шимолӣ дар ҳолест, ки ахиран Вазорати дифои Русия аз суқути ҳавопаймои Су-24-и худ дар хоки Сурия хабар дод.

"Имрӯз эҳтимолан дар қаламрави ҷумҳурии арабии Сурия дар пайи тирборон шудан аз замин ҳавопаймои Су-24-и нерӯи ҳавоии Русия сарозер шудааст", гуфтаанд масъулини Вазорати дифои Русия.

23
Барчаспҳо:
тирборон, ҳавопаймои Су-24, сиёсӣ, суқут, ҷаласа, Вазорати дифои Русия, Туркия, Сурия, Русия, Маскав
Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

76
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

76
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Город Эль-Кувейт

Амири нави Қувайт савганд ёд кард

124
(Таҷдидшуда 22:01 30.09.2020)
Амири нави Қувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Қувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91-солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84-сола, ки ба унвони амири Қувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифоъ, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Қувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91-солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавтид.

Вай 29 январи 2006 дар Қувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Қувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Қувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

124
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт