Мошини ёрии таъҷилӣ дар Миср

ВАО: таркиш дар назди меҳмонсарои нозирони интихобот дар Миср

7
(Таҷдидшуда 12:15 25.11.2015)
Бар асоси иттилои аввалия, дар пайи амали террористӣ дар меҳмонсарои “Swiss Inn”-и шаҳри ал-Ариш дар нимҷазираи Синои Миср чаҳор нафар – се корманди пулису як маргталаб ҷон додаанд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Маргталабе мошини муҷаҳҳаз бо маводи таркандаро дар таваққуфгоҳи меҳмонсарои "Swiss Inn"-и шаҳри ал-Ариш дар шимоли нимҷазираи Сино таркондааст, менависад РИА новости бо истинод ба сомонаи хабарии "Vetogate".

Қисмҳои боқимондаи ин нафар аз дохили мошини таркида ёфт шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, қурбониёни ин таркиш чаҳор нафар, се корманди пулису худи маргталаб гуфта мешавад. 12 тани дигар, аз ҷумла 10 корманди пулис ва ду роҳгузар ҳам дар ин амали террористӣ осеб дидаанд.

Ин амали террористӣ рӯзи 24 ноябр дар назди меҳмонсарое рух додааст, ки дар он нозирони интихоботи додрасҳо дар Миср қарор доштанд.

7
Барчаспҳо:
додрас, интихобот, корманд, пулис, маргталаб, меҳмонсарой, амали террористӣ, таркиш, сомонаи хабарии "Vetogate", меҳмонсарои "Swiss Inn", ал-Ариш, Сино, Миср