Президент Русия Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони Гуруҳи 20

Путин: Су-24 барои ҳимояти интиқоли нафт аз ДИ ба Туркия сарнагун шуд

19
(Таҷдидшуда 11:01 01.12.2015)
Русия иттилои иловагиро дар мавриди он ки аз минтақаҳои таҳти тасарруфи террористҳо ба Туркия нафт интиқол меёбад, дастрас кардааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Русия дар мавриди он ки ҳавопаймои низомии Су-24-и он ба хотири ҳимоят аз интиқоли нафт тавассути ҷангиёни ДИИШ ба Туркия сарнагун карда шудааст, тамоми далелҳоро дорад, гуфтааст раисҷумҳур Владимир Путин рӯзи душанбе дар ҳошияи нишасти муҳитизистии СММ дар шаҳри Порис.

"Мо тамоми далелҳо дар мавриди он ки ҳавопаймои Су-24 ба хотири таъмини амнияти роҳҳои интиқоли нафт ба Туркия сарнагун карда шудааст. Ба хусус, ин ҳодиса дар наздикии бандаргоҳе рух додааст, ки аз он ҷо бояд нафтҳо ба танкерҳои ҳамл шаванд",- изҳор доштааст ӯ.

"Вале ҳимояти туркманҳо бошад танҳо баҳона аст", — илова кардааст ҷаноби Путин дар шарҳи манфиатҳои Туркия дар Сурия.

Хадамоти вижаи Русия иттилои иловагӣ дар мавриди он ки аз минтақаҳои таҳти тасарруфи террористҳо ба Туркия нафт интиқол меёбад, дастрас кардааст, мегӯяд Путин.

"Мо ҳоло маълумоти иловагиеро дастрас кардем, ки бар асоси он мутаассифона аз конҳои истихроҷи нафт, ки таҳти контроли ДИИШ ва созмонҳои дигари террористӣ қарор дорад, дар ҳаҷми хеле бузург ба қаламрави Туркия нафт интиқол меёбад", — афзудааст раисҷумҳури Русия.

Аз сӯи дигар, президенти Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон ахиран гуфт, агар исбот шавад, ки кишвари ӯ аз террористҳо нафт мехарад, ба истеъфо хоҳад рафт.

"Иттиҳом дар мавриди он ки Туркия аз террористҳо нафт мехарад, ғайриқобили қабул ва ғайриахлоқӣ аст. Дар ин гуна масоил намешавад, танҳо бо ҳарф иктифо кард. Бояд далелу мисол овард. Агар дар ин бора санаду далел доранд, бигзор нишон диҳанд. Агар ин гуфтаҳо ҳақиқати худро ёбанд, ман ин курсиро ҳатман холӣ мекунам",- гуфтааст дар ҳошияи нишасти муҳитизистии СММ дар шаҳри Порис.

"Ин ҳарфҳо асос надораду мо ҳеч вақт аз террористҳо нафт нахаридаем. Вуҷуди ин гуна созишномаҳо дар мавриди харидории нафт аз террористҳо ҳам воқеият надорад.

Ҳама медонанд, ки мо аз Русия, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Азҷазоир, Қатар ва Нигерия нафт мехарем",- илова кардааст раисҷумҳури Туркия.

19
Барчаспҳо:
санад, нафт, далел, нафткаш, террорист, тасарруф, истеъфо, интиқол, изҳорот, ДИИШ, Раҷаб Таййиб Урдуғон, Владимир Путин, Порис, Туркия, Сурия, Русия
Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)