Тифли навзод бо исми Русия дар Сурия

Таваллуди “Русия” дар Сурия

18
(Таҷдидшуда 09:36 02.12.2015)
Ҳамбастагиву иттиҳод на фақат миёни ҳукуматҳои Маскаву Димишқ, балки миёни мардумони Сурия ва Русия низ вуҷуд дорад.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Духтарчаеро, ки дар Димишқи ҷангзада- пойтахти Сурия, дар хонаводаи яке аз сокинони ин шаҳр ба дунё омад, ба ифтихори наҷотбахшон Русия ном гузоштанд.

Сокинони маҳаллӣ дар Димишқ ба Sputnik гуфтанд, ки рӯзи дуввуми моҳи аввали зимистон дар яке аз зоишгоҳҳои пойтахт тифле ба дунё омад, ки ӯро волидайнаш Русия ном карданд.

Волидони ин кӯдак бо ин тасмим эҳтирому арҷгузории хешро ба кишваре, ки тайи 5 соли ахир ба Сурия дасти ёрӣ дароз карда, кӯмакҳои умдае мерасонад, баён намуданӣ ҳастанд.

Қаблан, расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки тифли навзодеро дар Русия ба хотири муносиботи танготанги Маскаву Димишқ "Сурия" ном гузоштаанд. Падари ин кӯдак айни замон дар амалиёти ҳарбӣ-ҳавоии ФР алайҳи ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом- шарҳ аз идора) ширкат дорад.

18
Барчаспҳо:
таваллуди Сурия дар Русия, таваллуди Русия дар Сурия, ҷанг дар Сурия, ДИИШ, "Сурия", "Русия", Маскав, Димишқ, Русия, Сурия
Фонтан из денег лишил Жахонгира Атаджанова лицензии

Овозхони ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов тасмим гириф, ки президенти кишвар шавад

60
(Таҷдидшуда 17:22 20.01.2021)
Овозхони маъруфи ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов гуфт, ки дигар суруд нахоҳад хонд, аммо тасмим гирифт, ки барои номзад шудан ба мақоми президентии соли 2021 тамоми имконоти худро ба кор барад

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Овозхони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар сафҳаи Инстаграми худ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва мубориза барои мансаби сарвари давлат ба мухлисон эълони ғайриинтизор кард.

Дар паёми нави видеоӣ ба Отаҷонов ба ҳаводоронаш гуфт, ки ният дорад дар интихоботи навбатӣ ба курсии президенти Узбакистон номзад шавад.

Аллакай маълум аст, ки омодагӣ ба як рӯйдоди муҳими сиёсӣ моҳи марти соли 2021 оғоз хоҳад ёфт.

Илова бар ин, сарояндаи собиқ нақл кард, ки чаро тасмим гирифтааст ҳаёташро дигар кунад ва ба сиёсат равад.

Дар тасмими худ Отаҷонов аз он далолат мекунад, ки мехоҳад ватани худро рушд диҳад ва ин изҳорот набояд ҳамчун киноя аз бесамарии президенти кунунӣ дониста шавад.

"Ман мардумро обод хоҳам кард. Албатта, бо ин изҳорот ба "сарвари кунунӣ" ҳеҷ гуна "даъво" намекунам ва ҳақ надорам. Онҳо низ бо тамоми қувваашон талош мекунанд. Барори кор",- гуфт ва овозхон ва таъкид кард, ки ин видео шӯхӣ набуда, як изҳороти ҷиддист.

Дар ҳамин ҳол, Отаҷонов афзуд, ки ҳоло дар хориҷа дар рухсатии оилавӣ қарор дорад ва баробари бозгашт ба Тошканд, ба таблиғи номзадӣ шурӯъ мекунад.

Ӯзбекистониҳоро овозаҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум ба таҳлука андохт

Дар ин миён овозхони собиқ ба мардуми Ӯзбекистон барори кор ва дар интихоботи соли 2021 - "ҷонибдорони оқилу тавонмандро" орзу кард.

60
Барчаспҳо:
ҳизб, интихобот, президент, овозхон, Ӯзбекистон
Президент США Джо Байден

Сиёсатшиноси ҳарбӣ: вектори ҳамкорӣ миёни Русия ва Амрико тағйир меёбад

50
(Таҷдидшуда 16:48 20.01.2021)
Маъмурияти кишвардори тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден қасд дорад пас аз маросими савгандёдкунӣ, фавран ба баррасии эҳтимолияти тамдид додани Созишномаи коҳиши яроқи стратегии СНВ - 3 пардозанд. Тасмими маъмурияти Байденро сиёсатшиноси ҳарбӣ Андрей Кошкин шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Маъмурияти раисҷумҳури Амрико пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ билфосила ба баррасии тамдид намудани Созишномаи СНВ - 3 шурӯъ кунанд, хабар медиҳад Энтони Блинкен номзад ба курсии котиби генералии ин кишвар.

"Ҳадди аққал бояд кӯшиш кард": коршинос дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3

Ба изҳори ӯ, тими нави Қасри сафед бар он мекӯшанд, ки созишномаи мазкур ҳатман давом дода шавад.Номзад ба котиби давлатӣ итминон дод, ки маъмурият ба ҳама гуна маҳдудиятҳо дар системаи дифои зиддимушакӣ розӣ нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси ҳарбӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносии донишгоҳи ба номи Плеханов, Андрей Кошкин аснои мусоҳибае дар барномаи радиои Sputnik Тоҷикистон вобаста ба ҳамин мавзӯъ ибрози назар кард.

"Бояд ба тасмимгириҳои маъмурияти Байден аҳсан гуфт, ки қасд доранд Созишномаи коҳиши яроқи стратегии СНВ - 3 - ро тамдид кунанд. Ин кор то як андоза вектори ҳамкориҳо миёни Русия ва Амрикоро тағйир медиҳад. Ин - хоҳиши нигоҳ доштани механизми нигоҳ доштани мусобиқаи силоҳи ҳастаӣ - эҳтимолан оғози сиёсати гуногуни маъмурияти Иёлоти Муттаҳида дар воситаҳои дорои силоҳи стратегӣ хоҳад буд. Ва, ба эҳтимоли зиёд, он бояд ба эҷоди созишномаҳои дигаре оварда расонад, ки метавонанд назоратро аз болои дороиҳои ҳастаии давлатҳо, аз ҷумла ИМА пурра фароҳам оранд", - шарҳ дод Кошкин.

Бояд зикр намуд, ки созишномаи СНВ - 3 миёни Русия ва Амрико 5 феврали соли 2011 эътибор пайдо кард. Бар асоси мӯҳтавои созишномаи мазкур, ҳар кадоме аз ин ду давлат бояд арсеналҳои ҳастаии худро ба ҳадде коҳиш диҳанд, ки бо гузашти ҳафт сол ва дар оянда низ шумораи умумии силоҳ  аз 700 мушаки баллистикии минтақавӣ, мушакҳои баллистикӣ дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаандозҳои вазнин, инчунин аз 1550 пайкон ва аз 800 дастгоҳи сардидиҳанда бештар набошад.

Дар айни замон, СНВ -3 ягона шартномаест, ки миёни Русия ва Амрико эътибор дорад, ки дар самти маҳдуд кардани силоҳ равона мебошад. Эътибори созишномаи мазкур 5 феврали соли 2021 ба анҷом мерасад.

50
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Амрико, Русия
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы

Нахустин филми тоҷикию бритониёӣ аз рӯи филмномаи Аниса Собирӣ наворбардорӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 17:28 20.01.2021)
Филмномаи навиштаи Аниса Собирӣ дар озмуни мактаби синамои Лондон баранда шуда, аз рӯи он филм сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар  London Film School беҳтарин эътироф шуд, хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.

Филмномаи “Таноб” – “Tightrope” аз миёни 6 сенарияи дигар пирӯз дониста шудааст.

Ин сенария аз саргузашти сарбозе қисса мекунад, ки аз асорат дар Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт, маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.

Ҳаводиси филмнома дар пасманзари таҳаввулоте рух медиҳанд, ки шаҳр дар ҳоли табдилёбӣ ба пойтахти як давлати нав мебошад.

“Ростӣ, интизор надоштам, чун ҳамкурсонам хеле бомаҳоратанд. Мо бо як суръат пеш мерафтем, фаъолона сари лоиҳаҳо кор мекардем ва ман то ҷое худро каме нороҳат эҳсос мекунам, ки пирӯз шудам, гарчанде хеле хурсанд ҳам ҳастам”, - изҳор дошт Аниса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Филмномаи Аниса, аллкай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома аллакай бо продюсери шинохтаи бритониёӣ Люк Шиллер баста шудааст, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст.

“Созишномаро ҳанӯз дар замони таҳсилам дар мактаби синамо бастем, замоне, ки ба Люк филмномаи маро тавсия доданд ва ӯ дар охири соли таҳсил роҳнамои ман шуд. Дар натиҷаи баъзе мулоқотҳо мо созишномаро бастем”, - илова намуд Аниса Собирӣ.

Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику бритониёӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

0
Барчаспҳо:
филм, Тоҷикистон