Парчами ДИИШ

Дар Эрон 53 нигаҳдори сомонаҳои ДИИШ-ро дастгир кардаанд

17
(Таҷдидшуда 15:53 07.12.2015)
Гуфта мешавад, аксари боздоштшудаҳо дар манотиқи марзӣ зиндагӣ мекардаанд.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Мақомоти пулиси Эрон аз боздошти 53 нафар ба иттиҳоми нигаҳдории сомонаҳои марбут ба фаъолияти созмони террористии маъруф ба ДИИШ хабар медиҳад, менависад РИА Новости.

Ба гуфтаи намояндаи пулиси ин кишвар Ҳусейн Аштарӣ, боздоштшудаҳо аслан дар манотиқи марзӣ фаъолият мебурдаанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон бо қатли омми мухолифонаш маъруф аст ва иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи "хилофати воҳиди исломӣ"-ст.

Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд.

 

 

17
Барчаспҳо:
манотиқ, дастгир, пулис, марзӣ, боздошт, боздошти пайравони ДИИШ, ДИИШ, Ал-қоида, Ҳусейн Аштарӣ, Ироқ, Сурия, Эрон