ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Миёнаравҳо тавонистаанд, барои раҳоии 25 масеҳии сурӣ, ки аз сӯи ҷангиёни созмони террористии ДИИШ рабуда шуда буданд, бо намояндагони ин созмон ба тавофуқ бирасанд.
Ҳамаи ин шаҳрвандони Сурия ба деҳаи Тел-Тамр, воқеъ дар шимолу шарқи ин кишвар интиқол ёфтаанд, хабар додааст рӯзи чаҳоршанбе намояндаи ҷамъияти Ошӯриҳои шаҳри Камишлӣ Ахикар Исо.
"Чанд рӯзи қабл 25 ошӯрие, ки 23 феврали соли равон аз сӯи ҷангиёни ДИИШ дуздида шуда буданд, раҳо гардиданд. Онҳо тавассути миёнаравҳо аз ДИИШ "харидорӣ" шуданд. Ҳамаи онҳо ҳоло ба деҳаи Тел-Тамр интиқол ёфтанд", — изҳор доштааст ӯ.
Моҳи феврали соли равон ҷангиёни ДИИШ 36 масеҳиро дар дарёи Хабури вилояти ал-Хасак боздошт карда буданд. Ҷангиён бо тахриби хонаву ибодатгоҳҳои масеҳиён даҳҳо нафари онҳо ба қатл расонда, 300 тани дигар аз ошӯриҳоро асир гирифтанд. Дар давоми як сол наздик ба 100 нафари онҳо бар ивази маблағ ба назди пайвандонашон баргаштанд.
Душанбе, 19 январ - Sputnik. Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки эмгузаронии "Sputnik V" -ро аз 1 феврал оғоз кунад, гуфт роҳбари Вазорати тандурустии кишвар Алексей Тсой, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ба гуфтаи вай, рӯзи 19 январ байни маҷмааи дорусозии Караганда ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи интиқоли қисми якуми 20 ҳазор вояи ваксинаи "Sputnik V" созишнома ба имзо мерасад. Додани иҷозатнома барои воридоти ягона 20 январ ба нақша гирифта шудааст, гуфт коршинос.
"То 1 феврал ба нақша гирифта шудааст, ки эмгузаронӣ алайҳи сирояти коронавируси гурӯҳҳои аҳолии зарардида оғоз карда шавад. Пешгӯии эмгузаронӣ бо назардошти гирифтани ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад", - гуфт Тсой дар ҷаласаи ҳукумат.
ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".
“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд », - гуфтааст, президент.
Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.
“Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.
Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.
Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.
Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.
Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем
Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.