Ҳамлаи ҷавобии неруҳои Ироқ алайҳи ҷангиёни ДИИШ

ВАО: ҳамлаҳои густурдаи ДИИШ ба манотиқи шимоли Ироқ

8
Намояндаи Вашингтон гуфтааст, дар умум наздик ба 300 ҷангӣ кушта шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҷангиёни ДИИШ дар минтақаи шимолии Ироқ ҳамлаеро анҷом додаанд, ки дар давоми панҷ моҳи ахир бузургтарин маҳсуб мешавад, навиштааст РИА Новости бо истинод ба нашрияи "The New York Times".

"Ифротгароён ба мавзеъҳои таҳти идораи курдҳо дар маҳаллаи Башик ҳамла кардаанд, ки дар онҷо шибҳнизомиён мустақар буданд. Инчунин ба минтақаи аҳолинишини Нарван ва Тал-Асвад ҳам ҳамла шудааст. Дар ҳар яке аз ин ҳамлаҳо 120 ҷангиӣ иштирок кардааст", — менависад ин нашрия бо такя ба манобеи низомии худ.

Бо кӯмаки неруҳои эътилофӣ имкон шудааст, сади роҳи ин ҳамлаҳои густурдаи ҷангиёни ДИИШ-ро бигиранд.

Намояндаи Вашингтон гуфтааст, дар умум наздик ба 300 ҷангӣ кушта шудааст.

Ин ҳамлаҳо тавре генерали артиши ИМА Марк Одом мегӯяд, бузургтарин ҳамлаи ДИИШ дар шиимоли Ироқ дар давоми 5 моҳи ахир ба шумор меравад.

8
Барчаспҳо:
аҳолинишин, бузургтарин, ифротгароён, минтақа, густурда, ҷангӣ, ҳамла, "The New York Times", РИА Новости, ДИИШ, Марк Одом, Башик, Ироқ, Сурия, ИМА