Sputnik пойгоҳи хабариии Sputnik Латвия-ро фаъол кард

Sputnik пойгоҳи хабарии “Sputnik Латвия”-ро фаъол кард

62
(Таҷдидшуда 14:52 12.02.2016)
Оҷонсии иттилоотии байналмиллалӣ ва радиои Sputnik аз фаъолшавии сомонааш бо забонҳои латвонӣ ва русӣ эълом медорад. Тими ҳирфайии хабарнигорону муҳаррирон аз ҳаводиси рӯз, ахбори ҷаҳону кишвар, навгониҳои илм ва андешаи коршиносон ба хонандагон иттилоъ пешниҳод мекунанд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Sputnik Латвия ба истифодабарандагон матолиби ҷолиби чандрасонаиро дар шаклҳои: тасвирбаён, навор, гузоришҳои аксӣ, эфири мустақим ва овоздиҳии шабакавии интернетӣ пешниҳод мекунад. Ба ғайр аз хабару гузоришҳо дар торнамои Sputnik Латвия матолиби таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ихтисосӣ ва назари коршиносон ба нашр мерасанд.

«Sputnik — расонаи муосиру мудерн буда, аз ВАО-и дигар қабл аз ҳама бо интихоби мавзӯъоту дидгоҳҳо ва дарки дурусте аз ҷаҳон фаарқ мекунад",- иброз дошт Сардабири Sputnik  Маргарита Симонян.

Консепсияи Sputnik — истифода аз фанноварии ҷадиди иттилоърасонӣ, касбияти баланди кормандон ва иртибот бо хонанда маҳсуб ёфта, бо ин сабаб Sputnik тез рушд мекунад ва доираи хонандагонаш дар саросари дунё зиёд мешавад. Шиори «Он чиро мегӯем, ки дигарон намегӯянд"  куллан ҷавобгӯи марому ҳадафҳои  Sputnik мебошад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои  Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд. 

62
Абдул Рашид Дустум. Архивное фото

Дустум ба Толибон ҳушдор дод

232
Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Генерал Абдуррашид Дустум аз фармондеҳони машҳeри ҷиҳодии Афғонистон ба Толибон (гурӯҳи террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳушдор дод, ки ба хушунату қатли оми мардум поён диҳанд.

Бино бар иттилои "Парс тудей", раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон, ки дар чаҳор даҳаи ҷанги ин кишвар аз ҷумла бо Шуравӣ ва Толибон таҷрибаи арзанда дорад хитоб ба Толибон гуфт: Ҳамла ба занон, кудакон, хабарнигорон ва кормандони расонаҳо, ки ҳеч гуна дифое аз худ надоранд, таҷовуз ба ҳуқуқи инсонҳо ва каромати инсонӣ аст .

Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд.

"Агар гуфтугуҳои сулҳ ба шикаст мунҷар шавад, дар ҷанг ширкат хоҳад кард ва ба яқин нерӯҳои тарафдори ӯ ин гурӯҳи ҷангталабро шикаст хоҳанд дод", - таъкид кард вай.

Дустум афзудааст, ки Афғонистон дар шароити ҳассосе қарор дорад ва бояд тамоми гурӯҳҳо бо давлати Ашрафғанӣ муттаҳид шаванд, то манотиқи таҳти тасарруфи Толибонро озод кунанду оромишро ба зиндагии мардум боз гардонанд.

Вазири корҳои хориҷа: Тоҷикистон иртиботе бо Толибон надорад ва гуфтушунид низ накардааст

Раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон рӯзи шанбе пас аз вуруд ба шаҳри Кобул мавриди истиқболи Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ҷамъи зиёде аз шаҳрвандону чеҳраҳои сиёсӣ қарор гирифт.

Дустум қарор аст бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрӣ ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон низ дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти ин кишвар гуфтугӯ кунад.

232
Принц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд

Амрико дар куштори Хошуқҷӣ шаҳзодаи арабро муттаҳам мекунад

214
(Таҷдидшуда 19:58 27.02.2021)
Дар гузориши истихбороти ИМА қайд карда мешавад, ки шоҳзодаи валиаҳд рӯзноманигор Хошуқҷиро ҳамчун таҳдид ба Арабистони Саудӣ мешуморад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Амалиёти боздошт ё куштани рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ дар Истамбул, дар соли 2018 аз ҷониби шахсан валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон тасдиқ карда шуда буд. Дар ин бора дар гузориши дафтари мудири иктишофи миллии ИМА омадааст, менависад РИА Новости.

Масъулони иктишоф муътақиданд, ки сатҳи шоҳзода аз болои тасмимгирӣ дар кишвар ба ҳадде баланд аст, ки ин бидуни ризоияти ӯ ба вуқӯъ намеомад.

"Валиаҳд Хошуқҷиро таҳдид ба подшоҳӣ арзёбӣ кард ва дар сурати зарурат барои хомӯш кардани ӯ истифодаи чораҳои зӯровариро дастгирӣ кард", - омадааст дар гузориш.

Дар ин санад омадааст, ки мақомоти Арабистони Саудӣ ин амалиётро тарҳрезӣ кардаанд ва 21 нафареро номбар кардаанд, ки ИМА онҳоро "бо итминони баланд" гумонбарони қатли Хошуқҷӣ қарор додааст. Дар айни замон, иктишоф наметавонад иддао кунад, ки шахсони алоқаманд медонистанд, ки ниҳояти ин амалиёт чӣ мешавад.

Пас аз интишори гузориши иктишофӣ, Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз ҷорӣ кардани "Таҳримҳои Хошуқҷӣ" хабар дод.

"Ин имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳои раводид алайҳи шахсоне ҷорӣ карда шаванд, ки ҳангоми намояндагӣ аз ҳукуматҳои хориҷӣ ба амалҳои ҷиддии экстерриториявӣ алайҳи дигарандешон, аз ҷумла саркӯб кардан, таъқиб, мушоҳида кардан, таҳдид ё зарар расонидан ба рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар шахсон анҷом додаанд ", - гуфт вай.

Пас аз интишори гузориш, арӯсшавандаи рӯзноманигори кушташуда Хадиҷа Ҷенгиз хештеги #justiceforjamal ("адолат барои Ҷамол") -ро дар Twitter нашр кард.

Гузоришгари вижаи СММ оид ба қатлҳои ғайриҳуқуқӣ Агнес Калламард аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки алайҳи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон таҳримот ҷорӣ кунанд.

"Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бояд алайҳи валиаҳд, тавре ки бо дигар ҷинояткорон кардааст, нисбати дороиҳои шахсии ӯ ва инчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии худ таҳримот ҷорӣ кунад" гуфт ӯ дар изҳорот.

Дар навбати худ, мақомоти Арабистони Саудӣ хулосаҳои гузориши иктишофии ИМА дар бораи иштироки валиаҳд дар куштори Хошуқҷиро рад карданд.

"Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баҳои манфӣ, дурӯғин ва ғайри қобили қабул дар бораи ҳисоботи роҳбарияти Салтанатро, ки дар гузориш омадааст, комилан рад мекунад ва қайд мекунад, ки дар ин гузориш иттилоот ва хулосаҳои носаҳеҳ мавҷуд аст", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.

Вазорати корҳои хориҷии салтанати Ховари Миёна инчунин қайд кард, ки байни ИМА ва салтанат "шарикии қавӣ" вуҷуд дорад.

Бернӣ Сандерс аз Трамп хост муколамаи телефониашро бо Муҳаммад бин Салмон ифшо намояд

Рӯзноманигори маъруфи саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ аз соли 2017 дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекард ва дар Washington Post кор мекард. Вай моҳи октябри соли 2018 дар Истамбул кушта шуд.

Дар ибтидо мақомоти Арабистони Саудӣ нопадид шудани ӯро дар консулгарии Арабистон рад карданд, аммо пас аз муддате пас аз пайдо шудани сабтҳои видео ва аудио, онҳо эътироф карданд, ки Хошуқҷӣ "дар натиҷаи муноқиша бо масъулони консулгарӣ" кушта шудааст. Полиси Туркия ҳеҷ гоҳ натавонистааст ҷасади ӯро пайдо кунад.

Расонаҳои арабӣ версияҳоеро пешниҳод карданд, ки фармони куштори Хошуқҷӣ, ки амалҳои мақомоти Арабистони Саудиро танқид мекунад, метавонист ба довталаби тахти салтанат - шоҳзодаи валиаҳд дода шавад. Аммо, Вазорати корҳои хориҷии Салтанат изҳор дошт, ки валиаҳд бо ин ҷиноят ҳеҷ иртибот надорад.

214
Ширин Амонзода

Пайдо кардани шуғл мушкил нест: вазири мушкили асосии занон дар мардикорбозорро гуфт

0
(Таҷдидшуда 18:56 28.02.2021)
Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни изҳори бардошташ аз суҳбат бо занон дар мардикорбозори Бохтар изҳор дошт, ки қабл аз ҳама бояд бо зеҳнияти ин нафарон кор кунем

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Амонзода мегӯяд, аслан, пайдо кардани шуғл мушкил нест, балки душворӣ дар роҳҳои расидан ба он ҷой дорад, ки аз ҳар инсон донишҳои зеҳниро тақозо мекунад.

“Нафаре, ки наметавонад нависад, хонад ва ё намехоҳад кореро ба таври муназзам ва тахассусӣ омӯзад, мушкилоти асосии ӯ мебошад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки, қабл аз ҳама, бо зеҳнияти ин нафарон кор гирем ва онҳоро соҳибихтисос гардонем”, - изҳор дошт вазир зимни баёни бардошташ аз мулоқот бо занон дар мардикорбозори Бохтар.

Ӯ дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият” зикр намудаст, ки вохӯрӣ берун аз нақшаи сафари корӣ ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Қубодиён ба миён омад.

“Ман ҳангоми суҳбат ба онҳо шахсияти худро маълум накардам, чунки хостам ба мушкилоти онҳо аз наздик ошно шавам. Баъд аз дидору суҳбатҳо, ба хулосае омадам, ки мушкили асосии онҳо дар надоштани донишу тахассуси муайян ва илова бар ин, талош накарданашон барои соҳибтахассус шудан аст”, - изҳор дошт вазир.

Вазир мушаххасан гуфт, ки баъди ин мулоқот чӣ кор кард

Ӯ афзуд, баъди чанд рӯзи ин шиносоӣ, тавассути сохторҳои маҳаллии вазорат дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, 48 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 280 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ҷалб шуданд.

“Ба онҳо ихтиёран дар як ҳафта се рӯз барои кор ва се рӯз ба омӯзиши касбу ҳунар пешниҳод шуд. Ин тарзи барномарезӣ ҳам мушкилоти касбомӯзии онҳоро бартараф менамояд, ҳам даромади оилаашонро то андозае таъмин мекунад. Баъди муддати муайяни омӯзиш, онҳо соҳиби ҳуҷҷати расмӣ гашта, давра ба давра бо кор таъмин мегарданд”, - таъкид кардааст вазири меҳнат.

0
Барчаспҳо:
мардикор, кор, Тоҷикистон