Ҷасади аспи яхшуда

Галаи аспҳои ғайбзада дар кӯли яхин ёфт гардиданд

24
(Таҷдидшуда 12:59 30.03.2016)
Танҳо моҳи март маълум гардид, ки галаи аспҳои иборат аз 48 сари дар моҳи ноябр гумшуда, дар масофаи 12 километрии шаҳрак дар кӯли яхин дармонда ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Галаи аспҳое, ки моҳи ноябри соли 2015 дар масофаи 12 километрии шаҳраки Шидертии вилояти Павлодарск ғайб зада буданд, аз ҷониби пулис дар кӯли яхшуда ёфт шуданд, иттилоъ медиҳад ИА "Новости-Казахстан" бо истинод ба дафтари матбуотии умури дохилии минтақа.

Тибқи маълумоти пулис 42 асп, ки ба яке аз  хоҷагии деҳқонӣ тааллуқ доштанд, аз шаби 17 ба 18 ноябри соли 2015 бедарак шуданд. Шурӯъ аз 18 ноябр роҳбар ва соҳибони гала мустақилона ба ҷустуҷӯи аспҳо пардохтанд, вале кофтукобашон бенатиҷа анҷом ёфт. Рӯзи сеюми декабр сарвари хоҷагии деҳқонӣ ба мақомот дар ин бора муроҷиат намуд.

"Дар натиҷаи чорабиниҳои пулис, дар масофаи 12 километр дуртар аз шаҳраки Шидерти аспҳои яхшударо дарёфт карданд, ки миқдорашон ба 42 сар мерасид", —гуфта мешавад дар иттилоия.

Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ мувофиқи моддаи "дуздӣ" оғоз гардид. Барои кофтукоби аспҳо ва ошкор намудани ҷиноят гурӯҳи махсус ташкил шудааст.

 

24
Барчаспҳо:
гала, ҳалокати аспҳо, асп, аспҳо, ВКД Қазоқистон, Ширденти, Павлодарск, Қазоқистон
Вакцинация, архивное фото

Дар Русия эмкунии оммавӣ бар зидди коронавирус тирамоҳ баргузор мешавад

333
(Таҷдидшуда 19:43 02.06.2020)
Агар коркарди ваксин бомуваффақият анҷомад, дар тирамоҳ аллакай эмкунии оммавӣ шурӯъ мешавад, аммо ҳоло ҳамагон бояд бо назардошти хатарҳои сироят шудан ба ин вирус чӣ гуна зиндагӣ карданро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар Русия аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад, изҳор дошт муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко дар ҷараёни як брифинг.

"Тавре шумо медонед, кор дар самти истеҳсоли ваксин босуръат идома дорад. Мо интизори натиҷаҳо мебошем ва коршиносон мегӯянд, ки агар  самаранокии ваксин дақиқ шавад, аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ оғоз мешавад. Вале ҳоло мо бояд дар шароити хуруҷи ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем", - тавзеҳ додааст муовини сарвазир.

Зимнан, ба изҳори ноиби президенти Академияи илмҳои Русия, роҳбари бахши илмҳои биомедикии Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин, ҳоло  олимони рус ваксинаҳои ғайриоддии зидди сирояти коронавирусро таҳия карда истодаанд, ки онро ба организм дар шакли йогурт ворид кардан мумкин аст. 

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

333
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

253
(Таҷдидшуда 19:53 02.06.2020)
Зепп Блаттер, собиқ президенти Федератсияи байналмилалии футбол гуфт, ӯ бо фишори Амрико мақомашро тарк карда буд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Собиқ раҳбари  ФИФА ин нуктаро дар як мусоҳмбаи ахираш бо сомонаи  хабарии шветсарии Keystone-SDA изҳор доштаст.

Ба гуфти ӯ лаҳазоте, ки гуфтумонҳо дар бораи барканорияш аз симмати ФИФА мерафт, аз ИМА ба вай паём расид, ки бояд аз мақомаш биравад.

"Онҳо гуфтанд: "Раҳбар бояд равад!". Ман мандати худро аз даст додам ва ногаҳон системаи адлияи Амрико баррасии ФИФА-ро як созмони мафиозӣ хонд ва онро ба категорияи ҷабрдидагон супурд", - гуфт Зепп Блаттери 84-сола.

Ёдовар мешавем, Зепп Блаттер соли 2015 пас аз чаҳор рӯзи интихоб ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) гуфт, аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб намоянд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешуд, ки пештар 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79 -сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуда буд.

Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА бо интихоби дубораи ман ба унвони раиси ФИФА мувофиқ нестанд, аз ҷумла клубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.

Блаттер аз соли 1998 то 2015 тули 17 сол ФИФА-ро раҳбарӣ кардааст.

 

253
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном

ВУХ: 237 шаҳрванди дармонда дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргаштанд

20
(Таҷдидшуда 10:46 03.06.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и миёни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  ба мақомоти Ӯзбекистон барои мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор медорад.

Ҳамзамон Вазорати умури хориҷа ба мақомоти Қазоқистон барои таъмини шароит барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён кардааст.

Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бо парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кнафар, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

20
Барчаспҳо:
марз, Ватан, баргардонӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, сарҳад, Тоҷикистон