Sputnik Латвия дар минтақаи .com

ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст

35
(Таҷдидшуда 14:10 09.04.2016)
Муносибати “сензурӣ”-и мақомоти давлатии Латвия нисбати ВАО-и русзабон хилофи арзишҳои аврупоӣ аст, изҳор доштанд дар Вазорати умури хориҷӣ.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сензураи расонаҳои русзабон аз ҷониби Латвия нишони беэътиноӣ нисбати озодии сухан ва матбуот мебошад, гуфта мешавад дар маълумоти шӯъбаи иттилооти ВКХ ФР.

Дар ин бора Sputnik-и Латвия хабар дода менависад, Шӯрои миллии ВАО-и электронии Латвия қарор дар бораи ба муддати шаш моҳ манъ намудани намоиши шабакаи "РТР-Россия"-ро бидуни ягон шарҳ қабул кард.

"Роҳи пешгирифтаи ҳукумати Латвия нисбати ВАО хилофи ҳама гуна "арзишҳои аврупоӣ" буда, беэътиноӣ нисбати озодии сухан ва матбуот мебошад",- меафзояд манбаъ бо истинод ба ВКХ.

Дар Вазорати умури хориҷии ФР бовар доранд, ки ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла намояндагии САҲА оиди озодии ВАО ба амалҳои носозгори Рига баҳои дурусту воқеъӣ хоҳанд дод.

 

35
Барчаспҳо:
русзабон, ВАО, расонаҳо, беэътиноӣ, қатъ, манъ, ВКХ ФР, Русия, Маскав, Рига, Латвия
Мороженое в вафельном стаканчике

Шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар Чин

97
(Таҷдидшуда 20:06 16.01.2021)
Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли Чин ва наздикии Пекин хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ахиран расонаи чинӣ гузориш дод, ки баррасиҳои муқаддамотии сироятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст, иттилоъ додааст   радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Сен-Хуа.

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона, тамоми 1662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.

Коршиносон мегӯянд вирус метавонад ба далели дараҷаи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шудааст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шудааст.

Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вируси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.

97
Барчаспҳо:
Пекин, яхмос, вируси корона, Чин
Водохранилище Таджикское море

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

550
(Таҷдидшуда 17:33 16.01.2021)
Дар ин бора аз эфири телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълум шуд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Ин овозаҳо дар маҳаллаи "Дӯстлик" -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву  гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аҳолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.

"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

 Дар пайи ин ҳолат,  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд.

550
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон